Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари дабири кулли СММ

Акс аз ВКХ

17 октябри соли 2022 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари дабири кулли СММ оид ба волоияти қонун дар Департаменти амалиёти посдори сулҳи Котибот Александр Зуев доир гардид.

Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар менависад, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону СММ дар самти тавсеаи амалиётҳои посдори сулҳ ва нақши Тоҷикистон дар таъмини ҳайати он, безараргардонии башардӯстонаи минаҳо ва дигар мавзӯҳои мубрам баррасӣ гардиданд.