Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, ки имдодгарони ин Кумита як гардишгари рус ва ҳамсафари тоҷики ӯро, ки дар кӯҳҳои назди деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб нопадид шуда буданд, пайдо ва амну озод аз кӯҳи баланд ба замин оварданд.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса рӯзи 14-уми октябри соли равон рух дода, баъди дарёфти хабар Сардори Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷотдиҳӣ полковник Саидов Зариф бо онҳо шахсан дар тамос шуд ва маконеро, ки дигар наметавонанд аз он поён шаванд, мушаххас кард.
Соати 22:30 дақиқаи рӯзи 14-уми октябр дастаи имдодгарони Раёсати ёдшуда ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Субҳи рӯзи 15-уми октябр, соати 06:00 гардишгари рус Тулаев Иля Владимировичи 34-сола ва роҳбалади ӯ ҷавони тоҷики 28-соларо дар баландии 2850 метр аз сатҳи баҳр пайдо ва беосеб поин овардаанд.
Ба иттилои КҲФ ин дуюмин ҳодиса зарфи як моҳи охир будааст, ки сайёҳони рус дар ҳамин мавзеъ дармемонанд ва имкони поин шудан наёфта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кумак мепурсанд.
Ҳодисаи аввал 25-уми сентябри соли равон рух дода буд. Се гардишгар дар кӯҳи деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб ба фалокат дучор омадаву яке ҳангоми афтодан маъюб шуда будт. Ин се тан дар ин макон ба ҳоли ногувор афтодаву дигар наметавонистанд бе кумаки дигарон худро наҷот диҳанд.