Ҳунар инсонро муаррифӣ ва машҳуру оламшинос мегардонад. Овозаи ҳунару истеъдоди танӯрсоз-Убайдулло Нарзуллоев нагузошт, ки аз малакаву ҳунари волои эшон бархӯрдор нагардем.
Ӯ дар деҳаи қадимаи Нилӯи шаҳри Ҳисор иқомат менамояд. Аз маркази Душанбе то манзили истиқоматии ӯ ҳамагӣ 60 км роҳ будааст. Дар аввал роҳ каме дур афтод. Вале манзараҳои дилфиребу кӯҳҳои сарбаафлоккашидаи ин деҳкадаи зебо моро хушнуду таъбамонро болида гардонид. Вақте ки ба деҳа расидем, мардумаш бо самимияти хос моро хуш омадед мегуфтанд. Дар аввал барои пайдо кардани кулбаи ин ҳунарманд мушкил пеш омад, вале баъдан аз чандин нафар пурсон шудем…Онҳо бо меҳрубониву хушсуханӣ роҳи манзили ин марди хирадро ба мо нишон доданд. Кошонаи эшон дар охири деҳа, дар наздикии кӯҳҳои осмонбӯс ҷой гирифтааст. Баъд аз мушкилиҳои зиёд дар ниҳояти кор хонаи ӯро пайдо намудем. Ҳунарманди асилу оқил ва донишманду чеҳракушода бо табъи болидаву марҳамати хоса моро хушомадед гӯён, гарму самимӣ истиқбол намуд.
Убайдулло Нарзуллоев зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор мебошад. Ӯ 16-уми декабри соли 1980 дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодаву дар соли 1987 қадамҳои нахустини худро ба дабистони деҳааш гузоштааст. Мактабро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 1997 ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ месупорад ва онро бо муваффақият ба анҷом расонида, сар аз соли 2002-ум то ба имрӯз дар Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 50-и деҳаи худ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба толибилмон дарс мегӯяд. Мавсуф оиладор, соҳиби 4-фарзанд мебошад.
Ӯро ҳамагон, пиру барно мешинохтаанд ва ҳамчунин нисбати эшон эҳтироми хосса низ доштаанд. Чунки вай истеъдод, маҳорат ва малакаи баланди танӯрсозиро доро мебошад. Номбурда то ба имрӯз дар хақи мардуми деҳааш хизмати бузургеро анҷом додааст. Баъд аз ворид шудан ба хонаи ин устои чирадаст суҳбати мо ҷӯр гирифт, атрофи ҳунари волояш.
Убайдулло Нарзулоев зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки ҳунари танӯрсозиро аз бобои раҳматиаш ёд гирифтааст. Ӯ қисса мекунад, ки аз хурдӣ ба тарзи сохтани танӯр зеҳн монда, тамоми нозукиҳояшро аз бар намудааст: “Дар синфи 6-ум таҳсил доштам. Як рӯз дар хона касе набуд, пеши худ мақсад гузоштам, ки дар саҳни ҳавлӣ як танӯр созам. То омодани падару модарам корро ба анҷом расонидам. Вақте падарам вориди хона шуданд, аз амали ман зиёд шод шудаву аҳсанту офаринам гуфтанд. Баъд аз баҳои баланд додани падарам ман ин корро идома додам”.
Ин ҳунарманд натанҳо ба мардуми деҳаи худ, балки ба ҳамсоядеҳагонаш низ хизмати шоиста намудааст.Ба зикри эшон ӯ танӯрро аз лойи расида омода намуда, баъди гузашти 20-25 рӯз, яъне аниқтараш баъди пурра хушк шудани лой ба соҳибхона иҷозат медодааст то, ки дар он танӯр нон банданд: “Вақте лой ба пуррагӣ мерасад, дар он сурат сифати кор хуб мешавад. Чунки лойи расида ба сардиву гармӣ тобовар аст. Ва ҳамзамон танӯри сохташуда метавонад, ки даҳсолаҳо хизмат расонад”.
Ҳунарманди асил Убайдулло Нарзулоев сар аз фасли баҳор танӯр месозад. Ӯ гуфт, ки то ба имрӯз чандин шогирд тайёр намудааст. Ҳамзамон худи фарзандонаш ҳунари падарро омӯхта, имрӯз ба омода кардани танӯрҳои гуногун машғуланд. Дар робита ба ин гуфтаҳо фарзанди ин ҳунарманд, Шаҳром Нарзулоев гуфт, ки: “Ҳар боре, ки падарам ба хонаи ҳамсояҳо ба сохтани танӯр мерафтанд, маро ҳамроҳи худ баҳри кӯмак мебурданд. Дар аввал на он қадар шавқ доштам. Вале рафта-рафта меҳре нисбати ин ҳунар дар дилам пайдо шуд. Ва имрӯз ин ҳунари падарро то ҷойе омӯхтам”.
Ҳамсоягон ҳама аз ӯву ҳунари волояш розӣ буда, мегӯянд, ки ҳамеша кӯмкрасонашон аст. Ҳамзамон ӯ дар таълиму тарбияи фарзандони он деҳа саҳми бузург дорад. Ба зикри худи ҳунарманд вай беш аз 30-сол аст, ки аз рӯйи ҳунараш зиндагии худу фарзандонашро пеш мебарад. Ҳамсояи Убайдулло Нарзуллоев-Абдувалӣ Абдуллоев зимни суҳбат ба иброз дошт, ки: “Убайдулло Нарзуллоев, ки дар ҳамсоягии мо зиндагонӣ дорад, бисёр инсони ҳалиму меҳрубон аст. Ҳунари баланди танӯрсозиаш ӯро ба мардум муаррифӣ кард. Дар зимн ба фарзандони мо таълим медиҳад. Ӯ воқеан муаллимаи донишманд ва ҷиддӣ аст. Ҳамагон эшонро эҳтиром мекунанд”.
Баъд аз анҷоми суҳбат бо ҳунарманд ва ҳамдеҳагони ӯ хулоса метавон кард, ки воқеан ҳунари ниёгони мо то ба ҳол пояндаву ҷовидона аст. Ва мардуми он деҳа дар партави солҳои 2019-2021, ки солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълони гардида буд, даҳо ҳунарҳои аз миён рафтаи гузаштагони худро эҳё намуда, занҳои бекору хонашини деҳаро бо шуғл фаро гирифтаанд.
Комрони Абдувалӣ
радиои ”Тоҷикистон”