Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба кори худ оғоз кард
Дар онҳо зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ аз рӯи номинаҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрада, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Таърихи расмӣ ва ҷойи баргузории Бозиҳо соли 582 то милод дар Юнон маҳсуб меёбад. Бозиҳои Делфӣ беш аз 1600 сол манъ карда шуда, танҳо дар оғози асри XX аз нав эҳё гардиданд. Аз соли 1927 то соли 1930 дар Юнон фестивали Делфӣ гузаронида шуданд. Вале Ҷанги дуюми ҷаҳон муваққатан садди роҳи баргузории ин чорабинии фарҳангӣ гардид.
Бозиҳои Делфӣ солҳои 70 –уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар доираи чорабиниҳои эҷодии ҷавонон баргузор мегардид. Таҷрибаҳои андӯхта баҳри таъсиси Шӯрои милии Делфӣ ва коркарди шакли муосири бозиҳо дар Федератсияи Россия соли 1999 оғоз шуд.
Марҳилаи нави Бозиҳои Делфӣ, падидаи ҷаҳонӣ гашт, соли 2000 дар шаҳри Москва бо иштироки 27 кишвар аз ҷониби Шӯрои миллии Делфии Россия нахустин Бозиҳои умумиҷаҳонии Делфӣ баргузор гардиданд.