Имрўз як гурӯҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, раиси Шӯрои занони маҳаллаҳои шаҳр, фаъолзанон ва волидайни наваскарон бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода бо мақсади аёдати сарбозон ба яке қисмҳои низомии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рафтанд.
Дар ин бора Кумитаи кор бо занон ва оила хабар дода менависад, ки зимни суханронии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Муяссар Олимзода, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мавлуда Шарифзода ва дигарон доир ба шароитҳои муҳайёгардида дар қисмҳои низомӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи таҳкиму тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ, ташаккул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон сохтмону ба истифода додани иншооти нави соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, имрӯз сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфта дар таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон саҳми арзишманд доранд.
Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Нотиқон ҳамзамон доир ба аҳамияти баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими Ваҳдати миллӣ низ андешаронӣ намуданд.
Аёдатрафтагон ҳамзамон бо шароити хизмати сарбозон аз наздик шинос гардида, бо онҳо суҳбати самимӣ ва озоду ошкоро карданд.
Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оила