Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон ҷойи 5-умро соҳиб шуд

Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳмов барои ба даст овардани нишони биринҷӣ аз ҷудокори гурҷӣ Гурам Тушишвилии бо як вазарӣ ноком гардид ва дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон ҷойи 5-умро ба даст овард.

Бояд қайд намоем, ки дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон дар Тошканд Тоҷикистонро 9-варзишгар намояндагӣ кард. Миёни паҳлавонони тоҷик натиҷаи хубро Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар вазни +100кг дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм муқобили варзишгари Словакия Мариус Физел оғоз намуд ва ҳарифашро ба осонӣ шикаст дод.

Темур Раҳимов дар даври сеюми Чемпионати ҷаҳон бо имтиёзи иппон ҷудокори фаронсавӣ – Жосеф Терҳекро шикаст дода, ба даври 1/4 финали роҳхат гирифт.

Дар марҳилаи 1/4 ниҳоӣ Темур бо варзишгари Кореяи Ҷанубӣ – Минйонг Кими 22-сола рақобат намуда, тавонист ӯро низ аз сари роҳаш дур намояд. Ҳамин тариқ ӯ ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Паҳлавони сангинвазни кишвар дар рақобати нимфиналӣ бо ҷудокори бомаҳорати ҷопонӣ Татсуру Саито нерӯсанҷӣ намуда, бо се огоҳӣ (шидо) шикаст хӯрд ва барои медали биринҷӣ бо Гурам Тушишвили рақобат кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар ҷойи дуюм аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31-намоянда аз 21-кишвар доир гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар чемпионати ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни -73кг ба даст овардааст.