Бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, инчунин дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ – барои баргузории мусобиқаи “Grand Prix” Dushanbe 2023-2026 қарор қабул шуд ва тарафҳо барои баргузор кардани ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.
Рӯзҳои наздик гуфтушунид ва барои ба тасвиб расонидани шартнома ҷиҳати баргузории мусобиқа доир мегардад. Аллакай корҳо ҷиҳати баргузории ин мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо оғоз гардидаанд.