Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Шоми рӯзи 12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.Дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.