Дар Душанбе 100 корхонаи саноатӣ таъсис меёбад

Дар Душанбе то соли 2026 100 адад корхонаи саноатӣ бунёд мегардад.

Тавре мақомоти шаҳри Душанбе хабар медиҳад, қарори сохтмони ин корхонаҳоро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонидааст.

Гуфта мешадад, тибқи нақшаи чорабиниҳо, давоми ин солҳо муҳоҷирони ватанӣ барои фаъолият дар ин корхонаҳо ҷалб карда мешаванд.

«Дар доираи нақшаи чорабиниҳо давоми солҳои 2022-2026 дар пойтахт бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, меваи хушк, ғизои кӯдакона ва дигар маҳсулоти нав бо дарназардошти талабот ва эҳтиёҷот дар шаҳри Душанбе, корхонаҳои нави истеҳсоли семент, гаҷкартон, хишт ва дигар маводи сохтмонии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда пешбинӣ шудааст»,- гуфтанд дар шаҳрдории Душанбе.