Имсол дар Тоҷикистон 22 муассисаи томактабӣ гардид. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.
Манбаъ гуфт, аз ин нишондод 7 адад ба шаҳри Душанбе, 7 адад ба Суғд, 6 адад ба Хатлон ва 2 муассисаи дигар ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд.
Гуфта мешавад, ки айни замон дар қаламрави кишвар 718 муассисаи томактабӣ (Суғд-285, Хатлон-165, Душанбе-157, НТҶ-85 ва ВМКБ-26) амал менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (696) 22 муассиса бештар мебошад.
Манбаъ афзуд, дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 1810 маркази инкишофи кӯдак (Душанбе-17, НТҶ-277, ВМКБ-284, Суғд-382, Хатлон-850) фаъолият менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (1764) 46 адад зиёд мебошад. Дар миқёси ҷумҳурӣ 70 маркази хусусии инкишофи кӯдак ҳамчун шакли дигари фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо ҷалби 1562 кӯдак амал мекунад.