Рӯзҳои 13-16 октябр дар Қувайт Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук миёни ҷавонони то 18-сола баргузор мешавад. Ин мусобиқа маротибаи 4-ум доир мегардад.
Тибқи иттилои Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мусобиқа иштироки 400-варзишгар аз 33-кишвари қора дар назар аст. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа ду нафар – Абубакр Носиров ва Хусан Кулов намояндагӣ мекунанд.
Абубакр дар давидан ба масофаи 200-метр ва Хусан дар давидан ба масофаи 1500-метр иштирок менамоянд.
Мусобиқа аз рӯи 40-навъ – дав ба масофаҳои 100м, 200м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 5000м, 110м бо монеа миёни мардҳо, 400м бо монеа, 2000м бо монеа, ҷаҳиш ба дарозӣ, баландӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулӯла, гурз миёни мардону занон, даҳҳарба миёни мардон, инчунин этафета доир мегардад.