Рӯзи 5-уми Чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар шаҳри Тошканд барои варзишгарони Тоҷикистон бебарор ба поён расид. Ду ҷудокори тоҷик ноком шуданд.
Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳарду намояндаи Тоҷикистон дар вазни то 90 кило дар рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дучори шикас шуданд.
Ҷудокори тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Станислав Гунченко, паҳлавони 23-солаи украинӣ шикаст хӯрд. Дар ин зӯрозмоӣ паҳлавони тоҷик 3 шидо гирифт.
Ғолиби ин сабқат Станислав Гунченко дар даври сеюм бо ҷудокори испанӣ Тристани Мосахлишвилӣ вориди майдон хоҳад шуд.
Шикасти тими Тоҷикистон дар рӯзи 5-уми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар ҳолест, ки ахиран Комроншоҳи Устопириён низ дар даври аввал бо Ивайлов Иванов аз Булғористон рӯйи татамӣ баромад. Ивайлови 28-сола бо як вазарӣ роҳашро ба даври дуюм ҳамвор намуд, аммо Комроншоҳ тарки мусобиқа мекунад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзе пеш дар вазни то 81 кило ҷудокорон Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, ки ҳардуяшон ҳам муваффақ нашуданд.
Беҳрӯз Хоҷазода низ, ки зери вазни 73 кило зӯрозмоӣ мекард, дар даври дуюми қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд шикаст хӯрд.