Дар Шаҳринав бинои шуъбаи сироятии замонавӣ ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Шаҳринав ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия баъди таҷдиду навсозӣ ба истифода дода шуд.

Хабаргузории “Ховар” дар такя ба ҳукумати ин ноҳия навиштааст, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири тандурустии кишвар Абдухолиқ Амирзода  ва  раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки шуъбаи бемориҳои сироятӣ дорои 8 ҳуҷраи муолиҷавӣ ва ҳуҷраҳои корӣ буда, дорои  20 кати хоб мебошад. Ҳамзамон шуъбаи мазкур  бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии Кардиоманитор, Пирометр, Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, Луобкашак, Оксигенератор, Ларингоскоп, Пулсоксиметр ва ЭКГ таъмин шудааст.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ зимни шиносоӣ иброз доштааст, ки “бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ шуъбаи мазкур навсозӣ шуда, дар он тамоми шароити зарурии корӣ муҳайё гардонида шуд. Масъулинро мебояд дастгоҳу воситаҳои муосири тиббиро босамар истифода ва бо беморон муомилаи хуб кунанд”.

Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зикр намудааст, ки “ҳоло дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бунёду навсозии беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, табобатхонаю дармонгоҳҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро бо татбиқи амалии барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат, махсусан дар ноҳияи Шаҳринав комёбиҳо назаррасанд. Ин раванд имкон дод, ки соҳаи тандурустӣ бештар рушд намояд ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад”.