Баррасии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 7 октябр конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамоиши мазкур бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Америкаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва сарпарастии корхонаи ватании Сим-Сим ва Маркази омӯзишии “Ёдгир” баргузор шуда, дар кори он олимону коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Дар суханрониҳо равобити илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамкории иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, нақши Созмони амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар низоми амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, стратегия ва манфиатҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар Осиёи Марказӣ, манфиатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо вобаста ба масъалаи радикализми сиёсӣ, экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ ва дигар мавзӯъҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиши илмӣ барои дар сатҳи боз ҳам беҳтар рушд ва тақвият ёфтани ҳамкории мутақобилаи Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти шаклгирии минбаъдаи раванди муносибатҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо ироа гардид.