Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зарардида дар муноқишаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, ба омӯзгорон ва хонандагони зарардида кумак расонид.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар дода афзудааст, ки Саидзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва омодагӣ ба фасли зимистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва муассисаҳои шаҳри Истаравшан дидан намуд.
“Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Варзоб дар пешбурди фаъолияти таълимии муассиса баъзе мушкилоту норасоиҳо, аз қабили ба таълиму тарбия машғул будани омӯзгорони ғайритахассус, тибқи талабот нагузоштани ҷадвали дарсӣ, сари вақт пур накардани журналҳои дарсӣ, дар ҳолати корӣ қарор надоштани ҷевонҳо ва ғайра ба мушоҳида расиданд”, – омадааст дар хабарнома.
Мақомот мегӯяд, вобаста ба ин ва дигар ҳолатҳо ба масъулини муассисаи таълимӣ, аз ҷумла ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.