Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-17) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “Н” ҷойи аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифт.

Дар рақобати ниҳоии даври интихобӣ, футболбозони то 17-солаи кишвар бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. Голҳоро аз ҳайати тими ҷавонони мо Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба самар расониданд.

Бояд қайд намоем, ки дар баробари тими ҷавонони Тоҷикистон (U-17) мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 17-сола.

Гурӯҳи “Н”
Даври 3-юм
Тоҷикистон — Афгонистон 2:0
Голҳо: Беҳрӯз Хуҷаев, 21 (1:0).
Диловари Ҷамшедзода, 80 (2:0).