Беҳтаринҳои Лигаи “Пешсаф” U-14 ва U-16 қадрдонӣ гардиданд

Рӯзи 9-октябр дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии мусобиқоти лигаи наврасони Тоҷикистон “Пешсаф” миёни бозингарони U-14 ва U-16 доир гардид.

Дар чорабинӣ – ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов, директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров, директори ЛФКНТ Увайдо Давлатбеков, ноиби президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол” Мӯҳсин Муҳаммадиев, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ақдодов ва дигарон ширкат варзиданд.

Дилшод Ҷӯразода – ноиби президенти ФФТ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ғолибону ҷоизадоронро бо анҷоми бомуваффақияти мавсим табрик гуфта, ба онҳо дар оянда бурдборӣ таманно кард.

Дар лигаи наврасони Тоҷикистон “Пешсаф” миёни бозигарони то 14-сола футболбозони дастаи “Суғд” медалҳои тилло ба даст оварданд. Медалҳои нуқра насиби наврасони МҶМОВ ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Соро компания” гардид.

Миёни бозигарони то 16-сола – ғолиби лига наврасони МҶМОВ гардид. Ҷойи дуюмро дастаи ММВЗО “Солор” соҳиб шуд. Ҷойи сеюмро бошад бошгоҳи “Орзу”-и ноҳияи Шаҳринав ба даст овард.

Дар ин маросим инчунин барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ дар ҳарду лига низ қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ:
Лигаи наврасони Тоҷикистон “Пешсаф” (U-14).
Ҷоизаи “Fair Play” – дастаи “Ашт”.
Беҳтарин мураббӣ – Рустам Юсупов (“Суғд”).
Беҳтарин бозигари дастаи МҶМОВ – Анӯшервон Ҷӯрабеков.
Бозигари беҳтарини дастаи ММВЗО “Соро компания” – Анӯшервон Холиқов.
Ҷоизаи махсус – Анӯшервони Рустам (МҶМОВ).
Беҳтарин нишонзан – Абдулло Шарофов (“Суғд”).
Беҳтарин бозигари лига – Абдулло Шарофов (“Суғд”).

Лигаи наврасони Тоҷикистон “Пешсаф” (U-16).
Ҷоизаи “Fair Play” – “КМВА”.
Беҳтарин мураббӣ – Носир Ҳамидов (МҶМОВ).
Бозигари беҳтарин дар дастаи “Орзу” – Бобур Муродов.
Беҳтарин нишонзан – Абубакр Асоев (МҶМОВ).
Беҳтарин бозигари лига – Шерзод Раҷабов аз ММВЗО “Солор”.