Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён- “Садои дил” ҷамъбаст гардид

Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи Фалак даври ҷамъбастӣ ва маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони “Садои дил” баргузор гардид.

Дар фестивал нахуст муовини аввали вазири фарҳанг Обидҷон Назарзода суханронӣ намуда, Фалакро яке аз меросҳои арзишманди миллӣ унвон намуд. Номбурда баён дошт, ки ҳадаф аз баргузории фестивал – озмун тақвияту ҳамоҳангсозии ансамблу гурӯҳҳои фалаксароён, ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши нозукиҳои санъати мазкур ва муаррифии он дар арсаи байналмиллалӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки фалакхонӣ яке аз жанрҳои қадимаи мардуми тоҷик мебошад ва солҳои охир ба ин жанр ба ғайр аз рубоӣ ғазалу қасида ва хамсаро низ ворид кардаанд. Юсуфҷон Каримзода аъзои ансамбли “Фалак”-и ш.Турсунзода дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки фалак яке жанрҳои беҳтарини мусиқӣ буда, маҳз тавассути Фалак инсон метавонад садои дилашро ба дигарон расонад.

Дар Фестивал-озмун ғолибон – ҷавонони синни 14 то 35 сола аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ иштирок намуда, бо диплом ва мукофотҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузор гардидани чунин фестивал-озмунҳо баҳри инкишоф ва зинда нигоҳ доштани мероси пурғановати миллиамон – Фалак нақши бориз хоҳад гузошт.

Ин Озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба “Рӯзи Фалак” ва 30-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд.


Сарвинози Саидалӣ

радиои “Тоҷикистон”