Барои тарғиби тибби хусусӣ озмун гузаронида мешавад

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби рушд ва тавсеаи имкониятҳои муассисаҳои хусусии тиббӣ дар кишвар барои журналистон ва расонаҳо озмун барои дарёфти Ҷоизаи “Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон”-ро эълон намуданд.  

Ғолибонро бо рамз, диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино, 18 – уми августи соли 2023 аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон ва муассисаҳои хусусии тиббии кишвар қадрдонӣ карда мешаванд.

  1. Мақсади озмун

Мақсади ҷоизаи мазкур:

– тарғиби рушд ва тавсеаи имкониятҳои муассисаҳои хусусии тиббӣ дар кишвар;

– ворид намудани беш аз пеши дастовардҳои илму технологияи муосири тиббӣ дар муассисаҳои хусусии тиббии мамлакат;

– то андозае гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати мутахассисони варзидаи мамлакат барои дарёфти рӯзии бештар ба кишварҳои хориҷ;

– кам кардани муроҷиати шаҳвандон барои дарёфти хизматрасониҳои тиббӣ ба кишварҳои хориҷа;

– баланд бардоштани мақому манзалати табибон;

– боз ҳам беҳтару самаранок ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои хусусии тиббӣ;

– беҳтар намудани дастрасии мардум ба иттилооти дақиқ ва эътимоднок доир ба хизматрасониҳои баландсифати тиббӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ;

2. Ҷоиза соле як маротиба дар рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино, 18 – уми август, ки Рӯзи Иди касбии табибон низ ҳаст, ба 3 нафар супорида мешавад.

Ҷойи аввал бо рамзи ҷоиза ва мукофоти пулӣ 5000 сомонӣ;

Ҷойи дуввум бо рамзи ҷоиза ва мукофоти пулӣ 3000 сомонӣ;

Ҷойи сеюм бо рамзи ҷоиза ва мукофоти пулӣ 1000 сомонӣ;

3. Дастгирии молиявии Ҷоизаи “Бунёди рушди тибби хусусӣ” – и Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон ва Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон аз тарафи бунёди номбурда ба роҳ монда мешавад;

4. Корҳои ихтисосии омодасозӣ, нашр, таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои мубрамтарини таъмини рушд ва тақвияти потенсиали тибби хусусӣ, матраҳ намудани мубрамтарин мушкилиҳои мавҷуда дар ин самти сиёсати иҷтимоии кишвар аз тарафи Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон анҷом дода мешавад;

5. Барандагони Ҷоиза метавонанд муаллифон ё қаҳрамонони маводи чопӣ, видеоӣ, аудиоӣ бошанд;

6. Барномаҳои видеоӣ, аудиоӣ ва матлабҳои чопӣ бояд баёнгари вазъияти воқеӣ, сабабу омилҳо ва монеаҳои рушди тибби хусусӣ, имкониятҳои мавҷуда барои тақвияти рушд, потенсиали истифоданашуда, сатҳи қаноатмандии мардум ва баланд бардоштани савияи маърифати тиббӣ аҳолӣ бошад;

7. Номзадҳо барои гирифтани ҷоиза метавонанд аз миёни қаҳрамонони мавод ё муаллифони васоити ахбори умум новобаста аз намуд ва шакли моликият аз тамоми минтақаҳои кишвар бошанд;

8. Натиҷаи озмунро комиссияи махсуси таъсиснамудаи роҳбарияти Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷамъбаст менамоянд;

9. Маводи пешниҳодшаванда бояд ба суроғаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16 (Шарқи Озод), ошёнаи 8 бо ишораи “Ба озмун” пешниҳод шавад;

10. Қабули маълумотнома барои иштирок дар озмун аз 1 – уми январи ҳар сол шурӯъ гардида, он 1 – уми август ҷамъбаст карда карда мешавад;

11. Маводҳои чопӣ, видеоӣ, аудиоии пешниҳодшуда бояд бо забони тоҷикӣ буда, мақолаҳо дар шакли электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj 14 дар ҳаҷми аз 3 то 5 саҳифаи компютерӣ ва видеоӣ, аудиоӣ аз 15 то 20 дақиқа омода шуда бошанд;

12. Довталабон метавонанд маводҳои чопӣ, видеоӣ, аудиоии худро бо зикри ному насаб, ҷойи кор, вазифа, суроғаи ҷойи зист, почтаи электронӣ ва шумораи телефон бо ишораи “Ба озмун” аз 1 – уми январ то 1 – уми августи соли 2023 ба суроғаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ё ба почтаи элктронии ҳамоҳангсози лоиҳа shervoni-umriddin@mail.ru пешниҳод намоянд;