Радиои Тоҷикистон бо сипоснома сарфароз гардонида шуд

Радиои “Тоҷикистон” дар маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фарзанди Тоҷикистонам” соҳиби сипоснома гашт.

Маросими ҷамъбастӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ доир гардид. Ин Озмун аз ҷониби МДМ “Бонувони Тоҷикистон” бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии ҶТ роҳандозӣ гардида, иштирокчиён аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар он иштирок намуданд.

Мутобиқи низоми муқарраршудаи озмун танҳо ба 30 мақолаи беҳтарин ҷоиза, диплом ва мукофоти молӣ тақдим гардид. Дар маросим иштирокдорон аз хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, нақши ӯро дар давлатдории миллӣ бесобиқа арзёбӣ карданд. Ҳамзамон, дар маросими ҷоизасупорӣ барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гашт.

Хабар такмил мешавад.