БУЗУРГДОШТИ ЗАБОНУ ҲОМИЁНИ ОН ФАХРИ МОСТ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста озмунҳои созанда, ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” барпо мегардад, то ҷомеаро дар партави шиори “Илм-фурӯғи маърифат” аз бесаводӣ ба сӯи босаводӣ, аз бекорӣ ба сӯи корёбӣ, аз беҳунарӣ ба самти ҳунаромӯзӣ роҳнамоӣ намояд.

Бо чунин ташаббусҳои созандаву худшиносии миллӣ дар паёмҳои Президенти кишвар омӯзишу озмоишу ошноӣ бо донишҳои нави замони муосир мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифта, таъкид мешавад то ҷавонони кишвар бояд забони модариро хуб эҳтиром карда, дар баробари он яке аз забонҳои хориҷӣ аз ҷумла русӣ ва англисиро дар сатҳи зарурӣ аз худ кунанд.

Бояд қайд кард, ки забони мо дар осори бузургонамон ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҷомӣ, Ғолибу Бедил, Мавлонову Иқбол, Айниву Турсунзода, Лоиқу Бозор ва дигарон хело хуб таҷассум ёфтааст ва пайваста ҷило медиҳад.

Инҷо бештар мехоҳем бо чанде аз ин бузургони забону адаби форсу тоҷик ёд намуда, аз аҳамият ва нақши забон бештар огоҳӣ пайдо кунем.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки бештар ба номи Румӣ ё Балхӣ маъруф аст, яке аз машҳуртарин шоиру мутафаккир ва олиму ориф мебошад. Шеърҳову осори ӯ аз шинохтатарину писандидатарин дар ҷаҳон ба шумор рафта, пурхаридортарин дар ҷаҳон аз ҷумла Аврупову Америка мебошанд.

Тибқи баъзе сарчашмаҳо Румӣ дар асри XIII соли 1207 дар сарзамини имрӯзаи мо ба дунё омадааст, ки мувофиқи дарёфтҳои олимони шарқшиноси фаронсавӣ макони таваллуди аслии Румӣ ноҳияи Вахши Тоҷикистони имрӯза мебошад.

 Румӣ аз синни 11-солагӣ ба сабаби ҳуҷуми муғулҳо, бо хонаводааш маҷбур мешавад, то диёри хешро тарк намуда, ба самти Бағдод, Макка ва Димишқ сафар намояд. Дар ниҳоят шаҳри Кунияи Туркияро ихтиёр карда, бештари умрашро дар инҷо мегузаронад. Мавриди зикр аст, ки Румӣ фарзанди яке аз донишмандони машҳури аҳли тасаввуф Баҳоуддин Валад мебошад.

Румӣ аз илмҳои замонаш ба хубӣ огоҳ буда, дар осораш аз онҳо хело хуб истифода кардааст. Ҳангоми вафоти падараш, Румӣ дар байни хосу ом мақому мартаба пайдо карда, дар сини 24 солагиаш мақому манзалати падарашро касб намуд. Ҳамин тавр ӯ дар соли 1244 бо Шамси Табрезӣ вохӯрда, мақсаду роҳи зиндагиашро иваз намуд. Шамси Табрезӣ яке аз дӯстони наздики Румӣ буда, ҳамчун пиру мурид ҳамеша бо ҳам баҳсу мунозира мекарданд.

Дӯстии онҳо ба ҳадде буд, ки хонаводаи Румиро зери таъсир гузошт ва ба ривояте Шамс замоне ғайб мезанад ва бисёре аз одамон гумон мекарданд, ки Шамс вафот кардааст, аммо Мавлоно ба ин бовар надошт. Аз ин лиҳоз, барои пайдо кардани ӯ солҳои зиёд сафар кард то гумшудаи худро пайдо кунад. Ин кор сабаб гашт, то Румӣ шеърҳо ва ғазалҳои зиёдеро роҷеъ ба дӯсти гумкардааш эҷод намояд.

Китоби “Маснавии маънави”-и Ҷалолиддини Балхии Румӣ аз шаш дафтар иборат буда, бо ёрии шогирдаш Ҳисомиддини Ҷалабӣ навишта шудааст. Ҳамин тариқ, Мавлонои Рум дар соли 1273 дар роҳи нотамоми бахши шашуми “Маснавӣ” дунёро падруд гуфт ва барои аҳли башар зиндагии хуберо дар партави осори гаронбаҳояш чун мерос боқӣ гузошт. Бо чунин корнамоиҳову эҷодиёти гаронбаҳои худ, соли 2007 аз ҷониби Созмони UNESCO барои бузургдошти ин марди камолу ҷалоли сухану адаб 30 сентябр ҳамчун соли Байналмилалии Румӣ номгузорӣ шуд.

Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти кишвар ва мардуми фарҳангдӯсти он ҳар сол санаи 30-уми сентябр Рӯзи ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва 5-уми октябр Рӯзи забон таҷлил мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар шеъри форсии тоҷикӣ шоиреро ба мисли Мавлонои Рум бо доштани вусъати иттилооту андеша, ҳаяҷону эҳсосоти олӣ, гуногунии маънову мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии фалсафаву ҳикмат кам наметавон ёфт. Ин ҳама хусусиятҳову вижагиҳо дар осори Мавлонои Рум, хусусан “Маснавии Мавлавӣ” бо шеваи фораму хоси забони форсии тоҷикӣ гирд оварда шудааст.

Таъсиру ҷаззобияти забони фасеҳу форами форсии тоҷикӣ буд, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ тавонист ба дилдода ва дӯсти адабу ишқу маърифат ва устоду роҳнамои фозилу фарзонаи худ соҳиби “Маснавии Маънавӣ”-ро пайдо карду шефтаи ӯ гашт. Бо камоли ифтихор ӯ ёди Мавлоно карда, чунин изҳор менамояд:

Нуктаҳо аз Пири Рум омӯхтам,

Хешро дар роҳи ӯ восӯхтам.

Муҳаммад Иқбол

Ҳамин тариқ, Муҳаммад Иқбол бо ҳамин забони ширину форами шеърӣ аз ҳақиқати олами ғарб огаҳӣ пайдо карду воқеияти зиндагии мардумони онҷоро шинохт.

Ҳидоятҳову роҳнамоиҳои Мавлонои Румӣ ва забони адабии ӯ ба дилу андешаи Муҳаммад Иқбол бештар таъсир расонида, ӯро ба сӯи ҷустуҷӯи ҳақиқат равона кард.

Ҳамин тавр, ӯ Мавлонои Румро чун пири хирад пазируфта, худашро муриди вай эълон кард. Сипас достони пиру муриди Иқбол суруда шуд ва асарҳои машҳураш зери номи “Асрори худӣ” ва “Румузи бехудӣ” рӯи коғаз омад. Иқболи Лоҳурӣ дарку шинохти нафс ва ислоҳи нуқсу заъфи онро муҳим дониста, худшиносӣ бо ибораи зебои «худӣ» баён месозад.

Пайваста ба башарият хитоб мекунад, ки худшиносӣ унсури асосии ҷомеа буда ё ба қавли ӯ:

Ҷаҳд кун дар бехудӣ худро биёб,

Зудтар, валлоҳу аълам биссавоб.

Мавлонои Рум

Мавлонои Румӣ ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз ҳам тақрибан VI аср ҷудо зиндагӣ карда, тавонистанд бо шеваи форами забони форсии тоҷикӣ ҷаҳонро бо адабиёти пурмазмуни худ дар партави хирад роҳнамоӣ намуданд.

Яке дар соли 1207 таваллуд шуда, 17-уми декабри соли 1273 дар шаҳри Кунияи Туркия вафот мекунад ва дигарӣ 9-уми ноябри соли 1877 дар шибҳи Қораи Ҳинд таваллуд шуда, соли 1938 дар шаҳри Лоҳури Покистони имрӯза олами ҳастиро падруд мегӯяд.

Хулласи калом мо бояд дар партави ҳидоятҳову роҳнамоиҳои чунин бузургони забону адаб Тоҷикистонро озоду орому обод нигоҳ дошта, қадри якдигарро бештар шинохта, эҳтиром намоему дар сояи забону адабу хирад умр ба сар барем ва ё ба қавли Румӣ:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Ҷалолиддини Румӣ

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

Боз нашр аз www.anrt.tj