2 октябр дар майдони «Нишони давлатӣ»-и шаҳри Истаравшан маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид. Ба 10 нафар наваскарони пешоҳанг, ки курси махсуси ронандагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи вилояти Суғдро бомуваффақият хатм намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд, дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Дар маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон, фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода навдаъватшудагони ихтиёриро ба муносибати шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки имрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ беҳтар гардидааст.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан