Ихтироъкори ҷавон ва боистеъдод Салмон Саидов сокини шаҳри Душанбе бо вуҷуди хурдиаш ихтирооти зиёде дар шакли макет сохта аст, ки ў айни ҳол 18-сол дорад ва ин шавқи ихтироъкорӣ аз хурдӣ дар дилаш ҷой шуда буд.
Ӯ дар оилаи муҳандис ба дунё омадаву ба воя расидааст. Падараш муҳандис, роҳсоз ва лоиҳакаши биноҳои хуштарҳу замонавии баландошёнаи пойтахт мебошад. Салмон мегӯяд, аввалин устодаш дар ин ҷода падараш аст.
Падари Салмон – Шодмон Саидов гуфт, ки фарзандаш болои худ кор мекунад. Ӯ ҳамарӯза аз шабакаҳои интернетӣ истифода карда, тарзи сохтану ихтироъ кардани ҳар гуна техникаву таҷҳизотҳои гуногунро меомӯзад ва баъдан онро дар амалия нишон медиҳад. Имрўзҳо Салмон Саидов миёни ҳамсабақонаш хонандаи болайёқат ва намунавӣ мебошад. Пайваста талош менамояд, ки ба ҳамсабақонаш кўмак расонад. Номбурда иштирокчии доимӣ ва фаъоли озмунҳои ихтироъкорони навраси муассисаи №89 мебошад. Устоди Салмон, Тоҳир Саидов аз шогирдаш ифтихор карда ояндаи шогирдашро дурахшон мебинад. Салмон мегӯяд, ки аввалин ихтирооти кардааш чархболе буд, ки қобилияти парвоз карданро дошт. Онро дар синни 5- солагиаш сохтааст. Ихтирои дуюми ў мавҷқабулкунаки оддие аст, ки имкон дорад, тамоми шабакаҳои телевизионии кишварро дар мавҷи аналогӣ нишон диҳад.
Хешу таборон ва наздикону пайвандони Салмон ояндаи ӯро неку дурахшон мебинанд, зеро ӯ ҷавони серталошу чолок аст. Ҳамарӯза пас аз анҷоми дарсҳо машғули сохтани техникаҳои нав мегардад. Худ аз худ мустақилона тарзи сохтану пешниҳод кардани техникаҳои замонавиро меомӯзад. Аммаи Салмон, Шаҳноза Саидова гуфт, ки фарзанди бародараш ҷавони ояндадор буда, метавон, ки аз ӯ чизҳои зиёдеро интизор шуд. Ба таъкиди номбурда агар аз ҷониби волидонаш ӯро дастгирӣ шавад, интизор меравад, ки дар оянда боз ҳам бо навовариҳои зиёд кишварамон Тоҷикистони азизро муаррифӣ намояд.
Мошини сабукрав ва Экскватор аз ҷумлаи ду ихтирои дигари Салмон мебошад, яке ба воситаи блутузи телефон ва дигаре бо роҳи фишороварӣ ба сўзандорў ба иҷрои кор шурӯъ мекунанд.
Бибиаш – Нурбибӣ Эъломова бо ифтихор сухан кард. Ӯ гуфт, ки дар ҳаёт барояш чизи аз ҳама муҳим, болотар аз гавҳару сарват – ин обрӯву нуфуз ва эътибору манзалати наберагонаш аст. Ҳар боре, ки дар мактаб ва роҳраву даҳлез мардум номи наберааш Салмонро мегиранду аҳсану офаринаш мехонанд, ӯ меболад. Чаро, ки наберааш имрӯз миёни ҳамсабақон ва дӯстону рафиқонаш шӯҳратёр шудаву азизи ҳамагон гардидааст.
Хуб аст, ки наврасону ҷавонон шавқу ҳаваси зиёд ба навоварӣ доранд. Ҳарчанд ихтироъоти Салмон Саидов айни ҳол дар истеҳсолот истифода намешаванд, аммо барои ояндаи ў заминаи бузурге хоҳад дошт. Бо фароҳам омадани шароити мусоиди технологӣ имкон аст, ки чунин ҷавонони завқманд ва боистеъдод дар оянда ба ихтироҳои бузурге даст биёбанд. Пас, мо низ дар фаъолияти минбаъдаи ин ҷавони серталош барору комёбӣ таманно мекунем.
Барои рушду тафаккури техникӣ ва ихтирооти наврасону ҷавонон пеш аз ҳама шароити мусоид метавонад замина гузорад. Дар Ҷумҳурии мо барои дастгирии наврасони ихтироъкор тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ташкил гардид, ки ду сол боз ба ин васила истеъдодҳои нав кашф мегарданд.
Комрони Абдувалӣ
радиои “Тоҷикистон”