Симосозӣ дар телевизион. Бахшида ба 63-солагии ТВТ

Ҳодисаҳои охири сарҳадӣ бори дигар возеҳ нишон доданд, ки мо аз қудрати бузурги телевизион барои воқиф кардани аҳолӣ аз асли ҳол дуруст истифода бурда натавонистем. Албатта, монанди ҳамсоя аз стандартҳои дугона, иттиҳомоти бардурӯғ, журналистикаи пастсифат ва набудани ахлоқу инсондӯстии комил ҳам кор нагирифтаем. Вале дар набардҳои иттилоотӣ нақш ва саҳми телевизион бағоят бузург аст. Дарки барвақтии ин ҳақиқат ба манфиати ҷомеа хоҳад буд. Дар ин маводи такмилшуда баъзе авлавиятҳои симосозиро дар телевизион баррасӣ мекунем.

3-юми октябр Рӯзи телевизиони тоҷик аст, ки имсол 63-сола мешавад. Телевизион на танҳо дар афкори мардум таҳаввулоти бузург ба амал овард, балки шакл ва натиҷаи таъсирро ба афкори иҷтимоӣ хеле баланд бардошт ва муассир кард.

Солҳои 90-уми асри ХХ барои сокинони Тоҷикистон давраи душвору тақдирсоз маҳсуб меёбад. Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ба кишварҳои алоҳида тақсим шудани ҷумҳуриҳои ҳайати он равиши дигарро ба миён овард. Табиист, ки ин ҳолат бе душворӣ амалӣ гаштанаш амри маҳол буд. Зеро сохтори давлатдории давр тарзе сохта шуда буд, ки тамоми ҷумҳуриҳо ва фаъолияти ташкилоту муассисаҳои он бо ҳам алоқамандии зич доштанд. Аз ин рӯ, ҷамъият низ ба ақидаҳо ҷудо шуд. Гурӯҳе умед доштанд, ки иттиҳод бояд барқарор шавад ва гурӯҳи дигар, ин ҳолатро беҳтарин имкон барои давлатдории мустақил арзёбӣ мекарданд.

Дар ин бобат телевизиони Тоҷикистон воситаи хуби таъсиррасонӣ маҳсуб ёфта, мазмуну мундариҷаи барномаҳо ҳамин мавзуъро дар бар мегирифт. Бо мақсади таъсири мусбат расонидани гуфтору мусоҳибаҳои телевизионӣ кормандони эҷодӣ кӯшиш мекарданд, ки шахсони маъруфи Тоҷикистонро бо барномаҳояшон даъват намуда, ҳолати баамаломадаро фаҳмонанд.

Барномаҳои «Масъулият», «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» ва ғайра ҳамон вақт арзи вуҷуд намуда, баъдтар онро одамони тасоддуфӣ бо мақсаду ниятҳои ғаразноки худ истифода мебурданд. Ин барномаҳо ба минбари маҳалгароӣ табдил ёфта, дар давраи ба дасти мухолифин гузаштани телевизион ба авҷи аъло расиданд. Дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфт.

Барои аз ин вазъият раҳоӣ ёфтан дар телевизиони Тоҷикистон зарурат ба миён омад, ки барномаҳо дар мавзӯи худшиносӣ ва сулҳу ваҳдат таҳия шаванд. Солҳои 1994-1997 ҳанӯз задухӯрдҳои байни гурӯҳҳои силоҳбадаст идома дошт. Ба ҳама мухолифату зиддиятҳои дохилӣ нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат баҳри сарҷамъ намудани сокинони мамлакат ва ба ҷойи доимии зисташон баргардонидани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебурданд. Сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон чун обу ҳаво зарурат пайдо карда, таъхирмонии он оқибатҳои вазнинро ба миён меовард. Ин мавзӯъ яке аз самтҳои умдаи кормандони телевизиони Тоҷикистон гардида, пайваста барномаҳо омода мешуданд. Яке аз он барномаҳо «Бозгашт» буд. Зимни тамошои ин ва дигар барномаҳо эҳсос мешадад, ки ҳамдиёрони бозгаштаи мо ташнаи сулҳу ваҳдатанд. Дар ин замина, суҳбат кардан аз хизматҳои анҷомдодаи Пешвои миллат маҳз аз он солҳо маншаъ мегирад ва симосозию нуфузсозӣ (имиҷмейкинг) ба фаъолияти рӯзмарраи телевизиони Тоҷикистон табдил шуд.

Роҳбар дар чашми халқ бо он симое ҷилва мекунад, ки дар асоси хислатҳои мусбат ва ё манфӣ корбаст шудаанд. Аксар маврид, тавассути ВАО мардумдӯст ва ғамхори халқ будани роҳбар таблиғ мешавад. Ин таҷрибаи нав нест.

Як руҷуи таърихӣ мекунем. Барои мисол, ҳар вақте суҳбат аз хизматҳои таърихии Исмоили Сомонӣ меравад, дар чашм симое пайдо мешавад, ки худро «девори Бухоро» эълон дошт ва бо ин васила, омодагии худро ҷиҳати дифои марзу буми Ватан аз душманон эълон намуда буд. Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки дуздию ғоратгарии дохилиро хотима бахшид, соҳибистиқлолии давлати тоҷиконро ба даст овард ва тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросонро ба давлати ягона муттаҳид намуд. Ҳанӯз замони салтанати Насри I Исмоили Сомонӣ кӯшиш карда буд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ шавад. Миёни ӯ ва бародараш барои сарпечии Исмоил аз пардохти хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари сулолаи Сомониён зиддиёт ба амал омад. Суханчинҳои дарбор ин ихтилофҳоро зиёд карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ кашиданд. Ва он соли 888 ба задухӯрди мусаллаҳона бадал шуд. Дар натиҷа, Исмоили Сомонӣ пирӯз гардиду ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муносибат намуд ва ин кори ӯ нуфузу маҳбубияташро миёни халқ боз ҳам бештар кард.

Ва ё баръакс, ҳангоми салтанати шоҳ Нӯҳ ибни Насри II (943-954), ки аломатҳои таназзули давлат падидор шуданд, амирони сулола ба саргармӣ дода шуда, давлатро ба ихтиёри ғуломони турк – давлати Қарахониён гузоштанд. Ва ин замоне буд, ки шоҳ ба кӯр кардан (ё гӯё содири ин фармон)-и А.Рӯдакӣ дар таърих сабт шудааст.

Мисолҳо ба ин манзуранд, ки маҳз симо (образ) ва нутқ ду омили муҳимтарини шаклгирии нуфузро ташкил мекунанд.

Барои сиёсатмадор бисёр муҳим аст, ки ҷиҳати ташаккули образи мусбати худ аз лаҳзаи аввалини суҳбат бо электорат масъулияти бештареро эҳсос кунаду муваззаф бошад. Соддатар гӯем, аз лаҳзаи аввали пайдо шудан дар экран. Ин намуна зимни суханронии нахустини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки тавассути телевизион ба маъраз гузошта шуда буд, баръало мушоҳида гардид.

Чеҳраи қаҳрамон мақсаднок ва моҳирона шакд дода мешавад. Ниҳоят, ҳадафи асосӣ – афкори мардум оид ба шахсияти дақиқ пайдо мегардад. Барои гуруҳе – роҳбар ҳамчун инсони сахтгиру серталаб, барои гурӯҳе – шӯху беозор аст. Метавон чунин пиндошт, ки ин ҳама хулосабарориҳо кори саҳлу осон набуда, натиҷаи заҳматҳои телевизион, журналистон, имиҷмейкерон ва мутахассисони робита бо ҷомеа мебошад.

Ба ин тамоюл – симосозии роҳбар телевизионҳои Тоҷикистон баъд аз соли 2000-ум таваҷҷуҳ карданд. Шуруъ аз суханроние, ки 1 январи соли 2000 ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ нашр гардид ва мавҷудияти таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистонро дар масъалаи дар мамлакат фароҳам овардани фазои сулҳу оштӣ ва баргардонидани фирориён ҳамчун усули бесобиқаи давлатдорӣ муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби СММ ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифтааст, то охирин суханрониҳо метавон мушоҳида намуд, ки телевизион симои Президентро ҳамчун ҳомию кафили Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муаррифӣ менамояд.

Образсозии мақсаднок ва пешбинишуда метавонад натиҷаи мусбат ва ҳам манфӣ ба бор орад. Шаклгирии дурусти имиҷ дар шуури тамошобинони телевизион аз механизмҳои умдаи кор бо аудитория аст. Симо ҳамон мавқеъгирии калидиеро инъикос мекунад, ки афкори инсон ба он таъсиргузор бошад. Масалан, ҳар вақте Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон сафар мекунанд, мардуми маҳал ва ҳам бинандагони телевизион суҳбати «бидуни протокол», бе коғази Пешвои миллатро хеле дӯст медоранд, зеро ҳамагӣ иттилоъ доранд, ки дар ин саволу ҷавоб имкон дорад ин ё он мушкил ҳал гардад.

Ё кадрҳои сафари Президент ба Афғонистони ҳамсоя дар даври ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, суҳбатҳои самимӣ бо роҳбарони даври ин кишвар ба шумули Аҳмадшоҳи Масъуд то имрӯз дар шабакаҳои давлатии телевизион «мечарханд» ва ҷонфидо будани ин шахсияти таърихиро ишора мекунанд, ки барҳақ, дуруст аст.

Албатта, дар ин самт хизмати хадамоти матбуотии Президент кам нест. Саҳми онҳоро набояд нодида гирифт. Матни пасикадрӣ ба ҳайси як навъ роҳбалад баромад карда, дар бораи нақша, нигоҳ, афкор ва технологияҳо суҳбат мекунад. Онҳо бо забони мардум, оммафаҳм нақл мекунанд ва аудиторияро бояд эҳсосе фаро гирад, ки ҳар амали дар кадр рӯйдода дар бораи бинанда ва ё барои ӯ аст. Бесабаб нест, ки сафарҳои дохилӣ ва хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар соати муайян бо тамға (логотип)-и телевизиони «Тоҷикистон» намоиш дода мешаванд. Мавҷи дигар телевизионҳо ба сифати минбари таблиғи афкор истифода мегарданду халос. Яъне стратегияи пахши иттилооти расмӣ ва ғояи он ки телевизиони «Тоҷикистон» ҳамеша № 1 буду ҳаст ва мемонад, бисёр қатъӣ риоя мегардад.

Таҷриба собит намудааст, ки ҳангоми коркарди ин стратегия бояд ин омилҳоро ба инобат гирифт:

• шаклгирии дилхоҳи симо дар экран ҷиҳати муайянкунии хислатҳои қаҳрамон ба кор бурда мешаванд.

• намуди зоҳирӣ (либос, ҳаракат) – тибқи мушоҳида, Пешвои миллат умдатан як либосро (новобаста ба корию варзишӣ буданаш) ду маротиба намепӯшанд, ҳарчанд бартариятҳо ба ранг мушоҳида мегардад (одатан, костюм ва шими кабуду сиёҳ, галстуки бунафш);

• нишондодҳои мухобиротӣ (нутқ, тарзи суҳбат, гузоштани зада) – суҳбатҳои Пешвои миллат аз минбарҳои баланд ва дар толорҳои бузург бо забони соддаи тоҷикӣ, истифодаи васеи мисолҳои ҳаётӣ, таваққуф дар суханрониҳо);

• нишондодҳои инфиродӣ (дониш, тафаккур, эҳсос) – суҳбат бо мутахассисони касбу корашон комилан гуногун.

Ҳанӯз барои ҷомеа мафҳумҳое чун технологияҳои сиёсӣ, робита бо ҷомеа, имиҷмейкинг, брендинг… маълум набуд, вале қисман нишондодҳои онҳоро мо метавонем аз соли 1991 ба ин сӯ мушоҳида намоем.

Образҳои телевизионӣ инъикосгари ҳаёти воқеӣ ҳастанд ё мехоҳанд бошанд. Бинанда низ ба симое, ки аз он тарафи экран бо ӯ суҳбат мекунад, эътимод дорад. Махсусан, вақте ки ин симо Роҳбари давлат аст.

Потенсиали идоракунанда/шавандагии телевизион дар он асос тақвият меёбад, ки вай ба таври сунъӣ фарқ миёни вазифа ва воқеиятро пинҳон мекунад. Аз ин хотир, хабаре, ки аз экрани телевизион ба аудитория расонида мешавад, нисбат ба маводи чопӣ афзалият дорад.

Образҳои телевизионӣ беихтиёр афкори бинандаро оид ба ин ё он шахсият ва сиёсатмадор на танҳо шакл, балки ташаккул ҳам медиҳанд. Агар чунин намебуд, симои Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун раиси серталаби Парлумон, Ашӯрбой Солеҳзода ҳамчун коршиноси маъруфи иқтисодиёти миллӣ, макро ва миқроиқтисодиёт, Худобердӣ Холиқназару Сайфулло Сафаров ҳамчун стратег, марҳум Суҳроб Шарипов ҳамчун вакили ошкорогӯй, Муҳаммад Ғоиб чун шоири тавонои ваҳдатсаро ва ғайра ҷилва намекарданд.

Шуруъ аз иштироки бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ, оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун то бо мукофотҳои олии давлатҳои ҳамҷавор сарфароз шудан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар телевизион ҷолиб ва диданӣ буд.

Тавассути телевизион гуфта мешавад, ки имрӯз дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ бунёд мегарданд ва аксари онҳо аҳаммияти минтақавӣ доранду ба манфиати Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя равона шудаанд. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳо эътирофу борҳо қадршиносӣ гардидааст.

Аз ин ҷо метавон чунин хулоса кард, ки ҷараёни симосозӣ ва шаклгирии он ҷараёни азнавсозии одатҳои инсонист. Симо, образ, имиҷ – мухобироти оддии иҷтимоӣ нест. Он ҳатман ё мусбат аст ё манфӣ, ки аз тарафи касе (гурӯҳе) бо кадом мақсаде, барои идораи чизе, ба хотири асаргузорӣ ба зершуури бинанда ва идораи ӯ бунёд мешаванд. Ва беҳтарин васила дар ин самт албатта, телевизион аст.

Зимнан, диққат ба ин масъалаҳоро манфиатовар медонем:

• телевизион бояд ба таҳия ва пахши барномаҳое даст занад, ки завқи зебоипарастӣ, маънавиёт ва сатҳи маърифатнокию фарҳангии мардумро баланд бардорад ва наслҳои ояндаро дар руҳияи баланди ахлоқӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омодабошии дифои сарзамин тарбия намояд. Мутаассифона, омилҳои номбурда ҳанӯз дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ нисбатан камтар таблиғ мешаванд.

• дар ин раванд, таҳияи барномаҳои воқеӣ роҷеъ ба таблиғ ва пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ бояд мақоми хоса касб намоянд.

• ҳангоми таҳияи барномаҳои шавқовар ба унсури ҷолибсозии он низ бояд мароқ зоҳир гардад.

Илҳомҷон Ҳамидиён

номзади илмҳои филология, дотсенти ДМТ