Раванди амалисозии ҳадафи чорум стратегӣ – саноатикунонии босуръати иқтисод дар кишвар, таҷлил аз рӯзи Мавлонои Балхӣ дар Тоҷикистон, афзоиши якбораи сафари шаҳрвандони Русия ба Душанбе ва мушкилоти муҳоҷирати табибон аз мавзуъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 29 сентябр дар мавриди амалисозии ҳадафи чоруми стратегии кишвар, саноатикунонии босуръати иқтисод бо академик Мамадшо Илолов суҳбате анҷом додааст.
Академик Илолов таъкид кардааст, ки дар масъалаи татбиқи кашфиётҳо воқеан ҳам, натиҷаҳо хеле каманд, зеро Маркази миллии патенту иттилоот корашро ба тарзи муосир ба роҳ намондааст. Ба гуфтаи вай Марказро мебояд аз кишварҳои мутараққӣ таҷрибаи пешқадами додани патент ва муайянсозии арзиши ихтирою навовариҳоро омӯхта, дар мамлакат ҷорӣ намояд ва патентро бо назардошти ниёзи соҳаҳои истеҳсолот диҳад.
Дар бахши дигаре аз суҳбати хеш Академик Мамадшо Илолов таъкид мекунад, ихтироот аслан вақте сурат мегирад, ки ягон соҳаи истеҳсолот ба он ниёз дорад ва олимон бо фармоиши корхона ихтироотро анҷом медиҳаду ширкат онро мехарад.
Вай дар идома меафзояд, мутаассифона, ин ҷо сабабҳои объективӣ мавҷуданд ва аз ин рӯ, илму истеҳсолот ба таври кофӣ ҳамоҳанг нестанд. Яъне аввал бояд сохтори саноати кишварро таҷдиди назар кард, зеро он чи аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, дигар корношоям аст ва ё бозор надорад. – гуфтааст академик Мамадшо Илолов.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақолае бо номи “Сафари садоқат. Хотираҳо аз нахустсафари Пешвои миллат ба Лахш, баҳори соли 1994” чоп карда навиштааст, ки дар ин сафари ғайримуқаррарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, маҷрои андешаҳои ба нокуҷо равонаро ба самти дуруст баргардонанд. Ин дидори хуши Президенти мамлакат боис шуд, ки мардуми Лахш ба ояндаи нек эътимод пайдо намуд. Ба маънои дигар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои яъсу ноумедӣ чун офтобе дар самои тира дурахшиданд, – ба ёд овардааст Нусратулло Ғафуров, собиқ муовини якуми раиси ноҳияи Лахш.
Аз сӯи дигар Аслонбек Абдурраҳмон, раиси вақти ноҳия, бар ин назар аст, ки сафари нахустини Пешвои миллат ба ноҳияи Лахш дар вазъияти ноором гувоҳи садоқати бемисл ва устуворӣ дар роҳи сулҳу салоҳ буд. Ба ҳамин минвол, аз сафар то сафари дигари Пешвои миллат ноҳияи Лахш ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳо ноил гардида, босуръат пеш меравад, – гуфтааст Аслонбек Абдурраҳмон.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 28 сентябр дар ҳошияи таҷлил аз рӯзи Мавлонои Балхӣ, мақолае бо номи “Таълимоти инсонгароёнаи Мавлоно — василаи обутоби инсони комил” навиштааст, ки масъалаи марказии таълимоти ахлоқии Ҷалолиддини Балхӣ масъалаи «инсони комил» ба шумор меравад. Муаллифи матлаб доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова менависад, ки дар осори Мавлоно инсон олитарин шакли офариниш, султони ирода ва омири хоҳишҳояш ба шумор меравад, зеро ба пиндори ӯ инсон метавонад худро дарк созад, ислоҳ ва такмил дода, ба «инсони комил»-и ормонӣ наздик намояд.
Ба таъкиди муаллиф муҳаббати инсонӣ, ӯро комилтарину олитарини офаридаҳо эълом доштан, асоси андешаҳои инсонгароёнаи Мавлоно гардидааст. Инсонгароии Мавлоно буд, ки ба ӯ мақоми шахсияти машҳуртарини муосирро бахшид, сабаби муҳаббати бепоёни инсоният нисбат ба мероси нубуғӣ ва намирандаи ӯ гардид – навиштааст муаллиф доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 28 сентябр бо нашри матлабе савол гузоштааст, ки русҳо дар Тоҷикистон бо онҳо чӣ гуна муносибат бояд кард? Муаллиф ёдовар мешавад, ки баъди фармони басиҷи нерӯҳои мусаллаҳ дар Русия шумораи шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон якбора афзудааст.
Ба навиштаи муаллиф бархӯрд бо шаҳрвандони Русия, ки аз тарси сафарбарӣ ба артиш фирор кардаанд, дар ҷомеаи Тоҷикистон яксон нест. Иддае бо дарки вазъият омодаи кумак буда, бархе амалкарди онҳоро маҳкум мекунанд, аммо бархе афрод бо истифода аз фурсат аз будубоши шаҳрвандони Русия пул кор мекунанд.
Бо ин вуҷуд ба хулосаи муаллиф тоҷикон бояд дар ин шабу рӯз ба русҳо намунаи неки меҳмоннавозӣ ва одамгариро нишон бидиҳанд ва бо меҳмонони муваққатӣ бархӯрди нек дошта бошанд. Аз сӯи дигар мушоҳида мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони Русия наворҳои зиёд нашр карда, бештари онҳо оҳанги мусбат дошта, дар он аз самимияту меҳмоннавозии тоҷикон ва зебогиҳои Душанбе қисса мешавад. Яъне ин наворҳо метавонад барои ҷалби бештари сайёҳон ва тарғиби симои мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон мусоидат кунад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо номи “Биё, ки фолат бинам!” аз афзоиши ҳолатҳои муроҷиати шаҳрвандон, бухусус занон ба фолбинҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муаллиф машғул шудан ба фолбиниву ҷодугарӣ ҳам тибқи шариати Ислом ва ҳам қонунҳои кишвар манъ аст. Муаллиф бо такя ба омори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навиштааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 21 ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ ошкор шуда, гунаҳкорон ҷарима карда шудаанд.
Ба хулосаи муаллиф барои пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо тақвияти ҳамкории рӯҳониёни кишвар бо Кумитаи кор бо занон ва оила ва дар ин замина баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ зарур аст. Инчунин ба гуфтаи муаллиф барои коҳиши таваҷҷӯҳи мардум ба фолбинҳо таъсиси институти равоншиносӣ дар кишвар зарур аст, то дар тамоми минтақаҳои кишвар равоншиносон фаъол бошанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 29 сентябр дар баробари дигар мавзӯҳо, ба масъалаи сарозер шудани шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон дахл карда, навиштааст, ки бо кумак ба дигарон мардуми тоҷик инсондӯст будани хешро нишон медиҳанд. Яке за шаҳрвандони Русия бо номи Александр дар суҳбат бо нашрия иқрор шудааст, ки аслан чунин муносибати гарм ва меҳмоннавозиро интизор надоштанд. Муаллиф дар идома таъкид кардааст, ки айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои кумак ба шаҳрвандони Русия таъсис шуда, дар он маълумот дар бораи иҷора гирифтани манзил, хатсайрҳои сафар ба манотиқи Тоҷикистон, кирои мусофиркаш ва ғизоҳои миллии тоҷикӣ ва дигару дигар ҷо карда шудааст.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре масъалаи идомаи муҳоҷирати табибони соҳибтаҷриба аз Тоҷикистон ба хориҷро баррасӣ карда, аз қавли коршиносон навиштааст, ки дар чунин вазъият ислоҳоти амиқ дар соҳаи тандурустии кишвар зарур аст. Ба навиштаи муаллиф дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 674 нафар табибон ба муҳоҷират рафтаанд, ки дар қиёс ба соли 2020-ум чор баробар зиёд аст. Гуфта мешавад, ки 65% пизишкони ҳиҷраткарда аз 30 то 60 сол син доштаанд.
Ҳафтаномаи “Пайк” дар шумораи рӯзи 29 сентябр масъалаи забономӯзӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар ин росто ба фармоиши ахири вазорати маориф ва илм дар ин замина таваҷҷӯҳ кардааст.
Муаллиф дар ин замина тазаккур медиҳад, ки вазорати маорифи кишвар бо иқоми нави худ тасдиқ кард, ки дар макотиби миёна ва олии кишвар омӯзиши забонҳои англисиву русӣ дар сатҳи зарурӣ нест. Зеро агар ин тавр намебуд, вазорат бо дастури худ толибилмон ва омӯзгоронро маҷбур намекард, ки 400 калимаи русӣ ва англисӣ аз ёд кунанд.
Зиёратшоҳи Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”