Имрўз дар кишварамон Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад. Мавлоно Балхӣ яке аз нобиғаҳои назми классикии тоҷику форс буда, дар арсаи суханварӣ шоири беҳматое шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин мӯъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, тарбияи ахлоқиро бештар тараннум мекард. Маҳз ҳамин андешаву афкори орифонаву олимонаш буд, ки сухану калому ў дуртар аз зодгоҳаш Хатлонзамин ба кулли Осиёву Аврупо паҳн гардид.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ҳамчун адиб ва файласуф шӯҳрат дорад. Ин ду пеша – илму адаб дар эҷодиёти ӯ тавъам бо ҳам пайванданд. Яъне, мутафаккир андешаҳои фалсафӣ ва ирфонии худро ба воситаи каломи бадеъ баён намудааст. Дар бораи он, ки аз ин ду пеша дар кадомаш муқаддамтар аст, ба як хулоса омадан душвор ва ҳатто номумкин аст. Вақте, ки ғазалиёти ӯро қироат мекунед, аз салосату балоғат, аз ширинию фасоҳати каломи рӯҳбахшаш орому осуда ва фараҳманд мегардем. Яке аз шарқшиносони маъруфи дунё Евгений Эдуардович Бертельс барҳақ гуфтааст, ки агар лирикаи Ҷалолиддини Балхӣ ба аҳли илму адаб, ва умуман ба забони мардуми Аврупо тарҷума мешуду дастраси онҳо мегардид, бешубҳа, ин нобиғаи адабро дар қатори Байрон, Гёте, Флобер мегузоштанд ва аз ғазалиёти шӯрангезу дилангезаш як ҷаҳон лаззат мебурданд.
Дар бораи ҷойи таваллуд, зисту зиндагонӣ ва осори пурмуҳтавои Мавлоно Чалолиддини Балхӣ дар асри гузашта олимон аз кишварҳои гуногуни олам пардохта, фарзанди миллати тоҷик будани ўро бо далелҳои муътамад ва асоснок исбот намуданд, ки барои ҳар яки мо ин ифтихори бузургест.
Номгӯи мероси адабии Ҷалолиддини Балхӣ аз нигоҳи микдор чандон зиёд нест, аммо асарҳояш ҳаҷман бузурганд. Мероси адабии ӯ асосан аз «Маснавии маънавӣ», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Девони кабир» иборат мебошад. Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ маҳз бо «Маснавии маънавӣ» дар адабиёту фарҳанги гузаштаи мо нақши босазое гузошт. Имрўз ин ин асари оламшумули он мақоми ҷаҳонӣ пайдо карда, яке аз серхаридортарин китоб маҳсуб мешавад. Барои эҷоди ин асари бузург Мавлоно 10 сол заҳмат кашидааст. Ин асар дар қолаби жанри маснавӣ эчод шудааст, ки дар воқеъ, китоб низ аз ҳамин ҷо унвон гирифтааст. Албатта бояд ба ин нукта ишора шавад, ки гарчӣ қабл аз Мавлавӣ, шоирони дигаре низ аз қолаби шеърии маснавӣ истифода карда буданд, вале Маснавии Мавлавӣ аз сатҳи адабии болотаре бархӯрдор аст.
Мавзўи осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бештар ҷанбаҳои ахлоқӣ дошта, дар мавзуҳои таълиму тарбия, ростиву росткорӣ, хизмат ба мардум, худшиносӣ, ишқ ва меҳру муҳаббат миёни инсоният мебошад. Ҳамчунин мавзўи дўстӣ, ҳамраъйӣ, ваҳдату ягонагӣ дар ѓазалиёти Мавлоно мақоми шоиста доранд. Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳими ҳаёти инсонӣ аст, дар асори Мавлоно, ки имрўз тамоми маҳсули эҷоди ўро бо забонҳои дигар тарҷума карда мутолиа мекунанду меомӯзанд ва панди зиндагӣ мегиранд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо эҷоди «Маснавӣ» тавонист шавқҳое ба дилҳои маъюс ангезад, савдои сархуше ба ошиқон ворид созад ва гармиҳои зиндагибахше ба ҷонҳои сарду афсурда бахшад. Агар ба саросари мавзўву муҳтавои ин асари пурҳикмат ворид шавем, мебинем, ки бо фикри волову кору талоши шоир ва ёрони ҳамфикраш гўшҳо шунаво, чашмҳо соҳиббасират, забонҳо гўё, дил моломоли шавқи озодӣ шуданд. Мавлоно Балхӣ дар эҷоди «Маснавӣ» шоирест бо диду тафаккури илмӣ. Нигоҳи вай дар осори оламгираш «Маснавӣ» нигоҳест олимона, ва ў хостааст бо ҳамин роҳ илмро бо ҳунар бипайвандад ва дар ин роҳ тавфиқ ёфтааст. Ҳамчунин «Маснавӣ» қомуси пурарзиши суханони ҳикматомез, мақолу зарбулмасал, панду андарз буда, шоир дар асараш аз ҳикоёти мардуми тоҷику форс, аз тамсилу қиссаҳои халқу қавмҳои гуногун хеле бисёр истифода кардааст.
Аз «Маснавии маънавӣ» нусхаи бешумори қадимӣ маҳфуз монда, ки онҳо дар китобхонаи мамолики зиёди дунё нигаҳдорӣ мешаванд. Бори нахуст матни илмии «Маснавӣ»-ро олими англис Р.А. Николсон анҷом дода, солҳои 1925-1937 м. ба табъ расонид. «Маснавии маънавӣ» минбаъд на танҳо ба суханварон, балки ба ҷамеаи ҷаҳонӣ бетаъсир намонд. Шарқшиносон дар тамоми гӯшаҳои олам аз Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва осори ў ёд мекунанд, Мардум тавассути матни аслу тарҷумаи мухтасар ё муфассал аз офаридаҳои килки сеҳрангези шоир баҳра мебардоранду маҳсули эҷоди дилангезу дилнишини ин фарзонафарзанди тоҷикро мутолиа мекунанд.
Дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ў бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллӣ ба шумор меравад. Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо Қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил шуд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ дар сатҳи баланд баргузор мешавад, ки ин барои ҳар як фарди тоҷик ифтихор ва сарфарозист.
Идораи барномаҳои
мусиқии радиои “Тоҷикистон”