Ҳамдиливу ҳамдастӣ, имкони санҷиши ройгони рентгенӣ, огоҳӣ аз бемории сил ва барномаи рангини фарҳангиву маърифатӣ – ин ҳама дар чорабинии хайриявии “НЕСТ БОД СИЛ” фароҳам гардид.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, менависад, ки дар якҷоягиву ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” тибқи Нақшаи амали муштарак дар доираи лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил” рӯзи 28 сентябри соли 2022 дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ чорабинии хайриявии “НЕСТ БОД СИЛ” баргузор шуд.
Дар чорабинӣ овозхонони шинохтаи кишвар, Сафирони пешгирии сил Нозия Кароматулло, Ҳабиб Ҳакимов, Зайнура Пӯлодова, Рӯзибеки Файзалӣ, Арсен Шеров ва ҳаҷвнигорони маҳбуб, Сафирони пешгирии сил Ҷамшеди Ҳалим, Муқимҷон Абдуфаттоев ва гурӯҳҳои рақсиву навозандагони ноҳияи Восеъ иштироку ҳунарнамоӣ карданд.
Зимни сухани пазироӣ Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ аз сатҳи ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил” изҳори қаноатмандӣ карда, аз баргузории ин чорабинӣ гарм истиқбол намуд. Зикр гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, заҳмату талошҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгириву кӯшишҳои шарикони рушд, аз ҷумла Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил он рӯз дур нест, ки мардуми ноҳия ба ҷомеаи бидуни сил бирасанд.
Ҳадафи чорабинӣ аз баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии аҳолӣ дар бораи бемории сил, аз ташхиси ройгони рентгенӣ гузаронидани хоҳишмандон ҷиҳати дарёфти саривақтии ҳолатҳои бемории сил, кумаку дастгирӣ ба Маркази ҳимояи аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ тавассути ҷамъоварии маблағи муайян аз ҳисоби чорабинӣ ва татбиқи дигар ҳадафҳои Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 иборат буд.
Қабл аз оғози чорабинӣ шахсони хоҳишманд аз миёни иштирокчиён тавассути дастгоҳи рентгени сайёр аз санҷиши ройгони бемории сил гузаштанд.
Бояд гуфт, ки тамоми маблағҳои аз чорабинӣ ҷамъомада барои таъмиру кумак ба Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Восеъ супорида мешавад.