Мулоқоти Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Молдова

Акс аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

28 сентябри соли 2022 дар ш.Кишинёв мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Молдова Руслан Болбочан сурат гирифааст.

Тавре Вазорат корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, зимни гуфтушунид ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, гузаронидани машваратҳои сиёсии байниидоравӣ ва омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.