Имрӯз дар Суди Олии ҶТ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ закр гардид, ки дар даврони Истиқлол забони модарӣ, яъне забони тоҷикӣ ба кулли симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст.
Забони тоҷикӣ дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста-оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муоширати байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубадал гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, судяҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Раиси суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд ва дар бораи мавқеи забони давлатӣ дар кишвар суханронӣ намуд.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯъҳои «Забони давлатӣ оинаи рӯзгори миллат», «Забони тоҷикӣ дар масири таърих», «Рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ» ва ғайра маърӯза намуда, андешаҳои ҷолиби худро дар мавриди забони тоҷикӣ иброз намуданд.
Корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе Самандари Қаландар мегӯяд, ки забони давлатӣ ҳамчун унсур ва нишонаи асосии миллат дар тақвият ва таҳкими рушди пайванди байнифарҳангии ҷомеаи тоҷикон нақши арзишманд дошта, ҳамчун омили муттаҳидӣ ва сарҷамии тамоми сокинони кишвар ба ҳисоб меравад. Гулнора Расулзода – корманди Раёсати баррасии муроҷиатҳои Суди Олӣ иброз медорад, ки забони модарии мо донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андухтаи мардумро дар худ нигоҳ дошта он гуётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахш дар сарнавишти таърихи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги худро бо ҳамин забон ифшо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, мегӯяд номбурда.
Дар фарҷом аз кормандони мақомоти судӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои устувор нигоҳ доштани забони давлатӣ саъю талош намуда, коргузорӣ ва мурофиаҳоро дар сатҳи баланди ташкиливу тибқи санадҳои меёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монанд.
Малоҳат Тоҳирова
радиои “Тоҷикистон”