Баргузории нишасти маҷозӣ бо роҳбарони муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа

28 сентябри соли 2022 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода нишасти кории маҷозӣ бо роҳбарони муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.

Дар ин бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки зимни нишасти мазкур иштирокдорон имкониятҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро дар соҳаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, таҳкими иқтидори содиротии кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта баррасӣ намуданд.

Инчунин, дар нишасти корӣ масъалаҳои консулӣ, бахусус баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳо бо диаспораҳо (ҷамъиятҳо)-и тоҷикон дар кишварҳои иқомат ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.