Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгир кардани як мард хабар додааст, ки ба дуздидани ду сар асп гумон надорад.
Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми сентябри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз бошишгоҳи №6-и ноҳияи мазкур 2 сар аспашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 200 ҳазор сомониро ташкил ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.