Тими мунтахаби Тоҷикистон, ки ғолиби 48-умин мусобиқаи байналмилалии “King’s Cup 2022” дар кишвари Тайланд гардид, субҳи имрӯз ба Душанбе баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори омма ва мухлисон варзиши тоҷик бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи “King’s Cup-2022” ду бозӣ анҷом дод. Шогирдони Петр Сегрт дар бозии даври ниманиҳоӣ бар тими Тринидад ва Тобаго (2:1) ва дар бозии ниҳоӣ аз рӯи зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) бар тими миллии Малайзия (3:0) пирӯз гардиданд.