Автомашинаи боркаш ба ҷарӣ сарозер шуд ва ронандаи он ба ҳалокат расид

ВКД аз сарозер шудани як автомашинаи боркаш дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, 26-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 17:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркашони тамғаи «Камаз», Ӯрунбадалов Ибодулло Усмонович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди мавзеи «Хушекат»-и ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии тахминан 700-800 метр чаппа шудааст.

Тавре Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, дар натиҷа, ронанда Ӯрунбадалов И.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.