27 сентябри соли 2022 дар Вашингтон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Энтони Блинкен баргузор гардидааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон баррасӣ гардида, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир таъкид шуд ва доир ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша сурат гирифт. Инчнунин, ҷонибҳо аҳаммияти платформаи “С5+1” барои минтақа ва ҳолати кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.