Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал Ҷоми Осиё 2022-ро бо ғалаба оғоз кард

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии Пайрав Воҳидов бозии аввалинашро дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо пирӯзӣ оғоз кард.

Футзалбозон тоҷик дар даври аввали гурӯҳи “В” бар тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯзӣ ба даст оварданд. Голҳоро аз ҳайати футзалбозони кишвар Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ба самар расониданд.

Дар рақобати дигари гурӯҳи “В” мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби калони 8:0 ғалаба кард.

Дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 29-сентябр тими миллии Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
Гурӯҳи “В”
Даври 1-ум
Баҳрайн – Тоҷиктчтон 3:4
Голҳо: Умед Кузиев, 7 (0:1). Аммор Ҳасан Алӣ, 11 (1:1). Бахтиёр Солиев, 22 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 23 (1:3). Аҳмад Муҳаммад Антор, 33 (2:3). Идрис Ёров, 38 (2:4). Ҷассам Солеҳ Анан, 38 (3:4).