Баъди ба даст овардани Истиқлолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Фаъолияти пурсамари занон дар соҳаҳои мухталиф ва саҳми назаррас доштан дар рушди ҷомеа аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар дарак медиҳад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ шумораи занону бонувони фаъол зиёд буда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маориф фаъолона ширкат меварзанд.
Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳайё намудани шароити мусоид баҳри фаъолияти занон дар сиёсат корҳои зиёде ба сомон расидаанд. Устоди ДМТ Султонбӣ Раҳматзода Истиқлолиятро рамзи озодӣ хонда, зикр намуд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ занону бонувон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардиданд. Ба гуфтаи номбурда таҳлилҳо собит сохтаанд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбати дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ бештар аст.
Мутахассиси пешбари шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳияи Шоҳмансур Муҳаббат Умарова мегӯяд, ки имрӯз дар ҳақиқат нақши занон дар сиёсати имрӯзӣ бараъло эҳсос карда мешавад. Аз ҷумла мавсуф қайд кард, ки занони ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе низ дар тамоми самтҳои мавҷуда фаъолияти пурсамар дошта дар пешрафти корҳои ҷамъиятиву сиёсии ноҳия пайваста саҳми худро мегузоранд.
Марҷона Сафарзода тамоми дастоварди худро аз шарофати истиқлоли давлатӣ дониста, зикр менамояд, ки маҳз сулҳу субот боис гардидааст, то ҷавонон дар соҳаҳои писандидаи худ кору фаъолияташонро ба роҳ монда, орзую омоли наврасиашонро бароварда созанд.
“Агар аз рӯйи гуфтаи калонсолон ба 31 сол қабл назар афканем, бараъло мебинем, ки дар он давр на ҳамаи имкониятҳо барои ҷавонону наврасон муҳайё буд. Шукри сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ, ки барои мо ҷавонон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Ман худро аз ҷавонони хушбахттарин меҳисобам, ки дар соҳаи тандурустӣ кор ва фаъолият менамоям ва дар оянда талош мекунам, ки вориси арзандаи Синои бузург шуда, ба халқу ватани хеш содиқона хизмат намоям.”- мегӯяд Марҷона Сафарзода.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз нишонаҳои рушди асосҳои демократӣ дар ҷомеа васеъ гардонидани имкониятҳои иштироки ҳар як фард, алалхусус занон дар идоракунии корҳои давлатӣ мебошад. Хушбахтона дар ҷумҳурии мо ин омилҳо ба назар гирифта шуда, дар рушду такомули ҷомеаи демократӣ саҳми арзанда мегузорад.
Парвина Самандарзода
Радиои Тоҷикистон