Пагоҳ, 30 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2020 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук соати 09:00 дар Хадамоти гумрук, Агентии омор соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Агентии мазкур, Кумитаи андоз соати 11:00 дар толори Раёсати андози андозсупорандагони калон (кӯчаи Шамсӣ 5/3) баргузор мешавад.
Академияи идоракунии давлатӣ соати 10:00 ва Агентии хизмати давлатӣ соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамояд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.