Вируси сареъ, маргбор ва ҳамагири КОВИД-19 моҳҳост ба як пандемияи тарснок бадал шуда, бо густариш дар кулли ҷаҳон, назми байналмилалиро халадор карда, ширкатҳои азимро ба зону даровард ва қалби ғӯлҳои иқтисоди ҷаҳонро аз ҳаракат боздоштааст. Ҳамзамон таҳлилгарон бар ин назаранд, ки террористҳо аз ин ошуфтагӣ, бесуботӣ ва мушкилоти иқтисодии ношӣ аз пандемия, барои густариши тарс, нафрат, тафриқа, ифротгароӣ ва ҷазби пайравони ҷадид сӯйистифода мекунанд.
Паёмадҳои пандемияи КОВИД-19, аз ҷумла ташдиди норизоиятиҳо, заиф шудани ҳамбастагии иҷтимоӣ ва таҳрики даргириҳо, шароитеро эҷод кардааст, ки боис ба густариши бештари терроризм ва ифротгароии хушунатомез мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон ифротгароён метавонанд, ки аз ҳарҷу мараҷи ношӣ аз пандемияи ковид-19, барои анҷоми ҳамалоти ҷадид, сарбозгирӣ ва тақвияти эътиборшон ба унвони ҳокимони манотиқи бесуботи Ховари Миёна, Осиё ва Африқо истифода кунанд.
Пас аз фарогир шудани пандемияи КОВИД-19 дар кишварҳои ғарбӣ ва тамаркузи тамоми ниҳодҳои давлатӣ барои муқобила бо бӯҳрони коронавирус, шуморе аз коршиносони амниятӣ аз канор мондани масъалаи муқобила бо ифротгароӣ дар ҷаҳон, ибрози нигаронӣ мекунанд.
Барои Тоҷикистон наздиктарин минтақаи ноамни ҷаҳон, бо ҳузури фаъоли гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро ва террористӣ ин Афғонистон аст, ки ду кишвар беш аз 1200 км марзи муштарак доранд.
Шакли овозии барномаро ин ҷо шунавед:
Шаҳодати аҳамияти болои таъмини амният дар марзҳои ҷанубӣ барои Тоҷикистон дар шароити феълӣ он аст, ки 21 июл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ташаннуҷи вазъият дар марз бо Афғонистон, дар минтақаи ҷанубии Вилояти Бадахшон мавриди баррасии қарор дода шуд.
Ба навишати хабаргузории “Ховар” бо назардошти ташдиди вазъи сиёсӣ дар ин минтақа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои интизомӣ ва низомӣ, супориш доданд, ки барои таъмини амният дар ин минтақаи марз бо Афғонистон, тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа дастур шудааст, ки дар баробари тақвияти иқтидори дифоӣ дар марз, ба масъалаи пешгирии аз ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус равона шавад.
Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ахиран дар як нишасти матбуотӣ дар мавриди ташануҷи авзои байналмиллалӣ ва вазъият дар марз бо Афғонистон чунин гуфт: “Мо шоҳиди бархудҳои хунин дар кишварҳое ба мисли Ироқ, Сурия, Либия ва Афғонистон, ташвиқ ба истифодаи неруҳои террористӣ, шиддати рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ мебошем ва албатта, ин падидаҳо ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои мо ва минтақа таҳдид ва хатари ҷиддӣ дорад. Лекин мо ҳамкориҳои ниҳоят хуб дорем бо мақомоти Афғонистон, машвартаҳои мунтаззам мегузаронем ва барои ҳамин мо боварии калон дорем, ки сарҳади худро аз ҳама гуна гурӯҳҳои террористӣ ҳифз карда метавонем”
Аз сӯи дигар ба гуфтаи коршиносон равиши тозае, ки барои мубориза бо терроризм матраҳ шудааст, бештар бар пешгирӣ мутамарказ аст ва бо шеваи мубориза, ки аз соли 2001 то кунун идома дошт, мутафовит буда, посухгӯи вазъияти бӯҳрони кунунӣ аст.
Ба гуфтаи коршиносон роҳандозии барномаҳои омӯзишӣ, таблиғи ҳамзистӣ миёни пайравони адёни мухталиф, талош барои тавсеаи барномаҳои корофаринӣ ва тавонмандсозии ҷавононро метавон ба унвони бахше аз барномаҳои ҷадиди мубориза бо афкори ифротгароёна донист, ки онро бояд тариқи фазои маҷозӣ ироа кард.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки бо назардошти чораҳои карантинӣ ва хонашин шудани мардум, ки аксарият вақти хешро дар интернет сипарӣ мекунанд, гурӯҳҳои ифротӣ низ таваҷҷуҳи худро рӯи фазои маҷозӣ мутамарказ кардаанд.
Парвиз Маҳмадзода, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ ва муовини якуми директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар замони нав истифодаи муассир аз фазои маҷозӣ барои муқобилият бо андешаҳои ифротӣ хеле муҳим аст. “Дар пешорӯи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ фаъолшавии гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мешавад. Агар олимону зиёиёни мо ин фазои холиро пур намоянд, ҳеҷ вақт ягон ҷавони кишвари мо мағзшӯӣ нахоҳад шуд. Ҳамзамон тамоми ниҳодҳои давлатӣ низ бояд дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои махсуси худро дошта бошанд”- гуфт, Парвиз Маҳмадзода.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили байналмиллалӣ мегӯяд, дар ҳоле ки давлатҳои саросари ҷаҳон дар ҳоли мубориза бо ин вирус ҳастанд, гурӯҳҳои ифротиву террористӣ назири ДОИШ ва Алқоида худро бо шароити ҷадид мувофиқ карда, қасд доранд, муҷаддадан худро барқарор кунанд.
Ба гуфтаи вай дар чунин шароит аз ҳама бештар кишварҳои дар ҳоли рушд ва дорои иқтисоди заиф осебпазир буда, гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии бархоста аз бӯҳрони бемории КОВИД-19, барои ҷалби ҷонибдорони бештар даст ба кор мешаванд. Қосими Бекмуҳаммад дар ин замина афзуд, бештар аз ҳама дар ин кишварҳо қишри ҷавони ҷомеа ҳадафи гурӯҳи ифротӣ ва терористӣ қарор мегиранд.
Қосими Бекмуҳаммад дар идомаи суҳбат ба унвони мисол гуфт, ки дар замони авҷи пандемия ва низоми шадиди карантин дар кишвраҳои аврупоӣ, теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишварҳо шиносоӣ ва боздошт шуданд, ки бархеи онҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Ба гуфтаи вай ин вазъият тақозо мекунад, ки натанҳо мақомоти давлатӣ, балки кулли ҷомеа дар мубориза бо тарвиҷи идеяҳои ифротӣ ва даҳшатафканӣ ҳушёрона гом бардоранд.
Дар ҳамин ҳол Рустам Азизӣ, таҳлилгари масоили динӣ мепиндорад, ки бо назардошти рушди фановариҳои иттилоотӣ ва нақши назарраси онҳо дар дар ташакулли афкори ҷомеа, бахусус ҷаҳонбинии насли наврас, тарзи пешниҳоди контенти фазои маҷозӣ низ бояд ҷавобгӯи рӯз бошад.
Ҳамзамон Рустам Азизӣ дар ин замина аз камтаваҷҷуҳӣ ва фаъолияти заифи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар масири пешгирии тарғиботи андешаҳои ифротии хушунатомез, изҳори таассуф кард.
Бояд тазаккур дод, ки пандемияи КОВИД-19 осебпазириҳо дар баробари идеяҳои тунду хушунатомези ҷадидро, ки боис ба терроризм ва пайдоиши шаклҳои нави он, монанди ҳамалоти киберӣ низ ошкор кардааст.
Таҳдидҳои маргбори ҷаҳонӣ, монанди терроризм ва КОВИД-19 кишварҳои ҷаҳонро водор мекунад, то бо ҳисси тозаи ҳамбастагӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд ва дар ин миён фишорҳо ва танишҳои зиёди марбут ба буҳрони Ковид-19 вуҷуд дорад, ки тобоварӣ ва ҳамбастагии ҷомеаҳоро тайи чанд соли оянда ба шиддат озмоиш хоҳад кард.
Гуфта мешавад, бо таҳкими ҳамкориҳо бояд мутмаин шавем, ки пандемияи КОВИД-19 табдил ба омили муҳаррике барои афзоиши терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез намешавад ва зарур аст дар мубориза бо терроризм зарфиятҳои худро ба таври доимӣ тақвият диҳем, то як қадам пештар аз онҳое бошем, ки ба думболи осеб расондан ба мо ҳастанд.
Дар шароити имрӯзаи панедмияи КОВИД-19, беш аз ҳар замоне муҳим он аст, ки бо ҳадаф ва иродаи муштарак бо ҳам кор кунем, то ҷомеаи кишварҳоро тобовар созем ва ҷаҳонро аз шарри ифротгароии хушунатомез ва терроризм наҷот диҳем.
Зиёратшои Аҳмадшо
Бознашр аз барномаи “Набзи сиёсат” аз радиои “Тоҷикистон”, 29. 07. 2020