Музди меҳнат, нафақа ва стипендия донишҷӯён, сарфи назар аз душвориҳои молиявӣ аз пандемияи коронавирус, аз 1 сентябри соли равон зиёд карда мешавад. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ додааст. Ӯ зикр намудааст, ки маблағҳои мувофиқ дар буҷаи соли ҷорӣ пешбинӣ шудаанд. Қаҳҳорзода дар идома иброз доштааст, ки боло бардоштани музди маош, нафақа ва стипендиияи донишҷӯён дар асоси супориши Роҳбари давлат амалӣ карда мешавад , ки қаблан Президенти кишвар ҳангоми муроҷиати худ ба Парлумон эълон карда буд. Ёдрас мешавем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки аз 1 сентябр музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, инчунин нафақа ва стипендия 10-15% зиёд карда шавад. Инчунин маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10%, дигар муассисаҳои буҷавӣ, инчунин нафақа ва стипендия 15%, нафақаи маъюбон то 18-сола, гурӯҳҳои бекорон ва эҳтиёҷмандону маъюбон то 50% афзоиш хоҳад ёфт.