Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти забони давлатӣ бо моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 26 адад ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 21 ҳазору 313 сомонӣ ҷарима таъин гардидааст. Гуфта мешавад, ки аз ин маблағ 16 ҳазор 31 сомонӣ ба фоида давлат рӯёнида шуд.
Ин нукта дар нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот зикр гардид. Инчунин дар давоми шаш моҳи соли 2020 Кумита зиёда аз 67 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот қарор дода, ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардааст.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи мазкур мегӯяд, ба 13 мавод ва парвандаи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ пешниҳод намуданд, ки ин нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта ба андозаи 10 фоиз зиёд мебошад.
Дилшоди Алсамад
Радиои “Тоҷикистон“