Маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” ба ифтихори ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли кишвар рӯзи 8 сентябр бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар ин бора аз шуъбаи фарҳанги шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳ намоиши барномаи фарҳангӣ бо иштироки гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони саршиноси кишвар барномаи фарҳангӣ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” дар паси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, меҳмонхонаи “Авеста” ва маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ҷойгир буда, дар қитъаи замини масоҳаташ 29 гектар бунёд ёфтааст.
Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метр ва пояи он 85 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар 6 ошёнаи дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мебошад.
Дар баландии 91 метри маҷмаа майдони тамошо сохта шудааст, ки сокинону меҳмонони Душанбе дар ин баландӣ аз тамошои манзараҳои дилфиреби пойтахт баҳравар шуда метавонанд.