АКС аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ
22 августи соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Имомӣ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Абдилдаевро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода менависад, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.