Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хидматрасонии ёрии фавқулодаи тиббии Корея Ҷанубӣ дидору гуфтугӯ намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи таъсиси Академияи омӯзиши забони кореягӣ бо мақсади сафарбар намудани қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори меҳнати Корея баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо Ширкати World Мobility Associaion ба мувофиқа расиданд.
Зикр шудааст, ки Кореяи Ҷанубӣ ба қувваи корӣ дар бахши саноати сабук, мошинсозӣ ва баҳамории қисмҳои эҳтиётии электромобилҳо ниёз дорад.
Ҳайати Кореяи Ҷанубӣ, ки ба он намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқулодаи тиббӣ, ширкатҳои хизматрасонии кардиопулменарӣ, World mobility Associaion ва KOCECO шомил мебошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.