Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода аз як қатор муассисаҳои таълимии вазорат боздид намуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Гуфта мешавад, Давлатзода зимни боздид аз муассисаҳои таълимии вазорат аз синфхонаҳои таълимӣ, эҷодӣ, китобхонаҳо, сатҳу сифат, шароитҳои мавҷуда, камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, ҷиҳати омодагиҳо ба соли нави хониш, ободу зебо гардонидани гирду атрофи таълимгоҳҳо шинос гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қобили зикр аст, ки дар тобеияти Вазорати фарҳанги кишвар 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи мусиқӣ ва санъат, 1 Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолият менамояд. Ҳайати устодон ва кормандони муассисаҳои таълимии соҳа 2059 нафар ва шумораи донишҷӯёну хонандагон 7149 нафарро ташкил медиҳанд.