“Ҷумҳурият”: Тоҷикистон дар рушди саноат миёни ИДМ пешсаф аст (Шарҳи матбуот)

Баррасии муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон, аз ҷумла рушди босуръати соҳаи саноат дар кишвар, тақвияти ҳамкориҳои гуногунбахш миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, як соли ҳукумати ҳаракати Толибон дар Афғонистон ва нигарониҳо аз афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ, аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 18 август мақолае бо номи “Саноат. Тоҷикистон рушди ибратомӯз дорад” нашр карда, аз қавли Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав менависад, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 дар кишвар тавлидоти маҳсулоти саноатӣ бе назардошти соҳаҳои энергетика, об ва табъу нашр ба 15,6 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиш 126,3 дарсад мебошад. Ин нишондиҳанда бо нархҳои муқоисавӣ 122,3 дарсадро ташкил дод, ки дар байни кишварҳои ИДМ зинаи баландтарин аст.

Инчунин таъкид мешавад, ки дар доираи Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2020 – 2024, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвар 150 ҳазор бех ниҳоли тут ворид шудааст. Дар мавсими кирмакпарварии имсола истеҳсоли пилла 780 тонна ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати якуми июли соли равон ба 380,4 тонна расид.

Дар баробари гуфта мешавад, ки дар кишвар 77 корхонаи саноатии азфаъолиятбозмонда мавҷуд аст, ки сабабҳои асосии ин ҳолат, пеш аз ҳама, норасоии маблағҳои гардон, фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолӣ, муфлисшавӣ, мавҷудияти қарзҳои андозӣ, баҳсҳои судӣ ва амволӣ мебошанд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ ҳамчунин дар мақолае сабабу омилҳои гароншавии маҳсулоти ғизоӣ дар бозорро баррасӣ карда менависад, ки яке аз сабабҳои афзоиши нархҳо қимат шудани маҳсулот дар кишварҳои содиркунанда дониста мешавад. Барои мисол болоравии нархи гандум дар Қазоқистон аст. Дар ин замина Аброр Мирсаидов, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки сатҳи вобастагии бозори кишвар аз маҳсулоти воридотӣ хеле баланд аст. Дар баробари ин муаллиф ёдовар шудааст, барои ба низом даровардани нархҳо содироти пиёз манъ гардида, арзиши он то 3,6 сомонӣ поин фаромад. Ин тадбир нишон дод, ки манъи содироти яке аз маҳсулоти ғизоӣ ба зарари кишоварзон набуда, танҳо ҷилави як гурӯҳ ҳаннотони нафспешаро мегирад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 18 август масъалаи дастрасӣ ба қарзҳои дарозмуддат барои хариди манзилро баррасӣ карда навиштааст, ки фоизи қарзҳои ипотекӣ дар бонкҳои кишвар барои аксарияти аҳолии Тоҷикистон дастнорас аст. Муаллиф дар ин замина менависад, ки шартҳо барои дарёти ипотека дар ҳама бонкҳо қариб яксон ҳастанд: қарз бо сомонӣ ва доллар дода мешавад, танҳо 70 фоиз арзиши манзилро пардохт мекунанд, муҳлати қарз то даҳ сол пешбинӣ шудааст, манзилро ба гарав мегиранд, аз 22 то 30 фоизи солона доранд ва бархе бонкҳо кафил, шахси сеюм, нафари 18-65-сола ва қайди доимии зист дар шаҳри Хуҷанд ё Душанберо талаб мекунанд.

Ба гуфтаи профессор Шариф Раҳимзода дар бархе кишварҳо барои дастгирии оилаҳои ҷавон барномаи «Ипотекаи оилавӣ»-ро қабул карданд, ки дар асоси он қарзҳои ипотекӣ ба муҳлати то 30 сол ва 6 фоизи солона пешниҳод шуда, фарқи байни фоизи бонк ва фоизи ипотека аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷуброн мешавад. Ба хулосаи муаллиф ҳазорон оила интизори сабукиҳо ҳастанд, то барои намояндагони касбу кори гуногун ва қишрҳои ниёзманди ҷомеа бояд пешниҳод гардад, то ки мушкили бехонагӣ ва иҷора ба иҷора гаштани онҳо роҳи ҳалли худро ёбад.

Нашрияи “Садои мардум” дар матлаби ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро дар вилояти Хатлон қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо бекор мешаванд? Муаллиф дар ин мақола менависад, ки дар давоми шаш моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти прокуратура нисбат ба 166 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар ғайриқонунӣ будан эътироз оварда шудааст. Аз он қарорҳо 84 адад бекор ва 75 адади дигар ба қонун мутобиқ гардонида шуд. Гуфта мешавад аксари қарорҳое, ки бекор гаштанд, ба замин вобаста аст.

Ба таъкиди муаллиф мусаллам аст, ки баъд аз бекор гаштани қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда, вобаста ба замин асосан шаҳрвандон зарар мебинанд. Чунки баъди бекор гаштан дар аксар ҳолат манзилҳои истиқоматии сохташуда вайрон карда мешаванд. Барои мисол, дар ноҳияи Шаҳритус аз сабаби ғайриқонунӣ ҷудо гаштани қитъаҳои замин хонаҳои чанде аз сокинон вайрон карда шуд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 17 август дар мақолае бо номи “Мавсимӣ ё монополия” навиштааст, ки мусофирн аз гарон шудани нархи чиптаи ҳавопаймо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба навиштаи муаллиф ҳамасола дар моҳҳои июл ва август қимтаи билети ҳавопаймо ба шаҳрҳои Русия якбора боло меравад, ки ин мушкилӣ солҳо боз ҳалли худро пайдо карда наметавонад. Бархе мусофирон ба муаллифи матлаб иброз доштаанд, ки нархи билет барояшон гарон аст, аммо чораи дигар надоранд, чун маҷбуранд фарзандашонро ба таҳсил фиристанд ё ба муҳоҷирати корӣ раванд. Дар фарҷом муаллиф таъкид кардааст, ки бо вуҷуди талошҳо натавонистааст аз масъулини ширкатҳои ҳавопаймоӣ, бахусус ширктаи “Сомон Эйр” дар ин замина ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт кунад.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки дар доираи сафари намояндагони вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон миёни ду вилоят 23 созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст. Нашрия менависад, ки дар доираи ин чорабинӣ дар шаҳри Норак Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон баргузор шуд, ки миёни ду ҷониб Харитаи роҳ миёни ду вилоят, ёддошти тафоҳум дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартномаи сармоягузорӣ ва шаш қарордод барои молу маҳсулот ба маблағи 26 миллион доллар ба имзо расонида шуд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 18 август дар сармақолаи худ бо номи “ Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” менависад, ки аз барқарории шарикии стратегии ду кишвар чор сол сипарӣ сипарӣ шуда, дар ин муддат дигаргуниҳои куллӣ дар муносибатҳои Душанбе ва Тошкант ба вуҷуд омад.Ба навиштаи муаллиф дар ин муддат ҳаҷми гардиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 13 миллон доллар дар соли 2014-ум то 448 миллон доллар дар соли 2021-ум, яъне 35 баробар афзоиш ёфт. Инчунин ба навиштаи муаллиф дар ин муддат мушкилоти таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ миёни ду кишвар ҳалли худро пайдо карда, иртиботи мустақими заминӣ ва ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Тоҷикистон Ӯзбекистон барқарор шуд. Дар хулосаи мақола муаллиф аз қавли таҳлилгарон навиштааст, ки дар солҳои наздик муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф бо ҳам бештар таҳким ва густариш хоҳад ёфт.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре мушкилоти соҳаи тандурустии кишварро баррасӣ кардааст. Муаллиф дар оғоз таъкид кардааст, ки мушкилоти рақами аввали кормнадони соҳаи тиб дар кишвар музди меҳнати ночиз аст, ки ба фаъолияти кории пизишкон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла ба ҳамин далел дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 600 духтур ва 1350 парастор ба муҳоҷират рафтаанд. Инчунин зикр мешавад, ки дар муассисаҳои тандурустии кишвар айни замон 2960 табиб ва 1340 парастор намерасад. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои вазорати тандурустӣ имсол интизор аст беш аз 2 ҳазор донишҷу соҳиби дипломи табиб ва 3,5 ҳазор соҳиби дипломи ҳамшираи шавқат шаванд.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 18 август да матлабе навиштааст, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо кумаки мақомоти маҳалӣ, кумитаи падару модарон ва соҳибкорон тамоми муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ ба соли нави хониш пурра омода шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар шаҳр 23 муассисаи таълимӣ, 21 муассисаи томактабӣ, 5 листей ва 1 гимназия фаъолият доранд.

Инчунин дар оғози соли нави хониш дар Бохтар муассисаи таълимӣ бо забони русӣ ба истифода дода мешавад. Ба иттилои раёсати молияи шҳари Бохтар барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф дар соли 2022 аз ҳисоби буҷаи шаҳр ва суратҳисоби махсуси муассисаҳои соҳаи маориф наздики 1 миллиону 600 ҳазор сомони ҷудо шудааст, ки 68 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Одина Маҳмад,

радиои “Тоҷикистон”