Миёни Бухоро ва Душанбе хатсайри мустақим роҳандозӣ мегардад

Интизор меравад, дар ояндаи наздик миёни Бухоро ва Душанбе хатсайри мустақим фаъол гардад.

Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар дода афзуд, ки ин масъала дар ҷаласаи 29-уми Сенати Маҷлиси Олии Ӯзбекистон матраҳ шуд.

Гуфта мешавад, соли 2021 ба вилояти Бухоро қариб 49 ҳазор нафар ва дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 65 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ сафар намудаанд. Дар зарфи якуним соли охир ҳаҷми хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои маданию маишӣ ва савдо аз 2 триллион сӯм гузаштааст.

“Бо вуҷуди ин дар соҳа ҳанӯз камбудиҳо мушоҳида мешаванд”, – таъкид шудааст дар ҷаласа.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласа ба зарурати ифтитоҳи хатсайрҳои нав бо истифода аз реҷаи «фазои боз», ки дар фурудгоҳи байналмилалии Бухоро ҷорӣ шудааст, ба роҳ мондани хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ ба Бухоро аз Дубай, Ҷакарта, Куала-Лумпур, Лоҳур ва Душанбе таваҷҷуҳ шудааст.

Ҳамчунин фароҳам овардани шароит барои иқомат, хидматрасонӣ ба ашхоси маъюб ва афзоиши хатсайрҳои сайёҳӣ ишора шудааст.