Барои нахустин бор маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии мӯди «Central Asian Fashion», ки аз 10 то 12 август дар шаҳри Алма-Ато идома мекунад, ба намоиш гузошта шуд.
Тавре ки Маркази тиҷорати байналмилалӣ хабар медиҳад, дар ин намоишгоҳ панҷ корхонаи дӯзандагии Тоҷикистон – «Гулистони Душанбе», «ТоҷТекс», «Ортекс»-у «Раҳимов А.А.» ва «Ноҳид» (Истаравшан) маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.
Гуфта мешавад, дар гӯшаи Тоҷикистон либосҳои мардонаву занона ва кӯдакона, трикотаж, таҳпӯш, либоси варзишӣ ва корҷома ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Панҷ корхонаи дигар: «Гулдастон» ва «Сифат Саноат» (Душанбе), «Нассоҷи Хуҷанд» (Хуҷанд), «КОТА Глобал» (Бохтар) ва ҳамкори нави МТБ – «Ботур» (Конибодом) ба ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ барои шиносоӣ бо бозори нассоҷиву дӯзандагии Қазоқистон шомиланд.
Зикр мегардад, ки ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имконияти ҳамкорӣ иштирок мекунад.
Қобили зикр аст, ки «Central Asia Fashion» дар Осиёи Марказӣ дар як сол ду бор доир мегарад.
Ин намоишгоҳ ба унвони пойгоҳи муҳиме барои барқарории тамосҳои тиҷоратӣ, имконияти хубе барои тарғибу муаррифии маҳсулот ва намоиши он ба тамошобинони касбӣ аз тамоми минтақа шинохта шудааст.