Ҷамолиддин Абдуллозода: 13 074 шаҳрванди ба кишвар баргашта ба карантин фаро гирифта шуд

Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ маълумот дод, ки  13074 шаҳрванди кишвар аз дигар давлатҳо баргардонида шуда, ба карантин фаро гирифта шуданд.

Айни ҳол, 534 нафар дар карантин зери муолиҷаи табибон қарор доранд. Аз ин шумора 278 нафар дар шаҳри Душанбе, 194 нафар дар шаҳри Турсунзода ва 62 нафар дар вилояти Суғд таҳти назорати кормандони тибанд. Ҳамчунин ба ҳисоби миёна аз 450 то 600 нафар ҳамарӯза аз карантини кӯтоҳмуддат мешаванд. Барои ба карантини кӯтоҳмуддат фаро гирифтани шаҳрвандони азхориҷомада дар шаҳри Турсунзода, ноҳияи Варзоб ва дараи Ромит 815 кат ҷой омода шудааст.

Машраби Холмаҳмад

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *