Дар давоми Пандемия дар шаҳри Душанбе зиёда аз 9,5 ҳазор тоҷирон фаъолияти худро мувақатан қатъ карданд. Ин хабарро имрўз зимни нишастӣ хабарӣ Умед Гуреззода муовини раиси шаҳри Душанбе баён дошт.
Бинобар иттилои манбаъ бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то моҳи августи соли ҷорӣ соҳибкорон аз патент озод мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки имрўз вазъият вобаста ба Коронавирус беҳтар шуда истодааст ва бозорҳои ҳудуди шаҳри Душанбе пурра фаъолият доранд.
Ғоибов Саъдӣ
Радиои “Тоҷикистон”