ВКД хабар медиҳад, ки бо ташкили гурӯҳ аз ҷониби кормандони шуъбаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, нозирони минтақавии милитсия дар якҷоягӣ бо намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди Раёсати мазкур, ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят Нуқтаи сайëри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ – ҳуқуқӣ бо мақсади муайян намудан, баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеа бо аҳолии маҳалҳо ба деҳаҳои дурдаст рафта, вохӯриҳо мегузаронанд.
Гуфта мешавад, ки ташкили Нуқтаи сайёри милитсия дар доираи ислоҳоти милитсия ин равнақ бахшидани ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
Гуфта мешавад, нуқтаи сайёри малитсия баҳри амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ ва афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия мусоидат менамояд.